Стандартҳои байналмилалии офиятбахшии қурбониёни шиканҷа

Рӯзҳои 22 ва 23-юми январи соли 2026 дар меҳмонхонаи "Румӣ"-и Душанбе барои равоншиносон ва кормандони иҷтимоӣ дар мавзуи "Стандартҳои байналмилалии офиятбахшии қурбониёни шиканҷа" тренинги дурӯза баргузор гардид.

Тренингро гузарониданд:

- Алиҷонова Мутриба, ҳуқуқшиноси Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ»;

- Каримиён Қутбиддин, устоди кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Чорабинӣ бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар доираи лоиҳаи IRCT ташкил карда шуда, ба боло бурдани дониши касбӣ ва малакаҳои амалии мутахассисон дар самти офиятбахшии қурбониёни шиканҷа равона гардидааст.

ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»