Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ноҳияи Синои пойтахт аризаи ҳимоятгарони ҳуқуқро, ки дар он оид ба бекор кардани қарори Прокуратураи генералӣ дар бораи барои тафтишоти иловагӣ фиристодани парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги Исмонбой Бобоев ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ дархост мешуд, қонеъ накард.
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтида баромад мекунад, бо ариза муроҷиат карда, дархост намуда буданд, ки парвандаи ҷиноятӣ аз ВКД ҶТ барои идома додани тафтишот ба Прокуратураи генералии ҶТ супорида шавад.
Адвокат Абдураҳмон Шарипов иттилоъ дод, ки муроҷиат ва шикоят аз амали шахсони масъуле, ки тафтишоти ғайри самаранок гузаронидаанд, 8 сол боз идома дорад.
- Моҳи январи имсол дар бораи аз сар гирифтани тафтишот ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани гунаҳгорон ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат шуда буд. Аммо Прокуратураи генералӣ дар бораи аз сар гирифтани тафтишот қарор баровардаву бо нақзи қонун парвандаро ба раёсати тафтишотии ВКД ҶТ фиристод,- мегўяд Шарипов. Барои ҳамин, қарор дода шуд, ки оид ба хатои Прокуратураи генералӣ ба Суди ноҳияи Сино муроҷиат карда шавад. Мутаассифона, суд ин аризаро беқаноат мононд.
Судяи Суди ноҳияи Сино Мирзо Одиназода дар қарори худ аз 28-уми июни соли 2018 зикр мекунад, ки Прокуратураи генералӣ ба ягон хатоӣ роҳ надодааст.
Исмонбой Бобоев дар Русия мезист ва шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда буд. Феврали соли 2010 ў барои дидорбинии волидон ва бо худ гирифтани духтараш, ки дар меҳмонии онҳо буд, ба Тоҷикистон омад. Рўзи 19-уми феврал ҷавон дар Исфара дар наздикии масҷиди асосии шаҳр боздошт шуд. Кормандони боздоштро амалинамудаи РМЗҶМ-и Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров ба Исмонбой арз доштанд, ки ў барои узвият дар ташкилоти экстремистии «Ҳаракати исломии Туркистон» гумонбар аст ва боздоштшударо ба бинои РМЗҶМ-и вилояти Суғд бурданд. Худи ҳамон рўз ҷавон дар утоқи кории номбурдаҳо ҷон дод.
10-уми марти соли 2010 хулосаи якумин ташхиси судӣ-тиббӣ дастрас гардид. Дар хулоса тасдиқ карда мешуд, ки сабаби марг «асфиксияи механикӣ» дар натиҷаи фурўбарии забон будааст. Дар баробари ин, дар хулоса оид ба сабабҳои фурўбарии забон баҳогузорӣ сурат нагирифта буд. Он гоҳ Ҷўрабой Бобоев тақозо намуд, то эксгуматсия гузаронида шавад. 6-уми апрели соли 2010 коршиносони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббӣ ташхиси дубора гузарониданд. Натиҷаи он нишон дод, ки Исмонбой Бобоев аз ҷароҳатҳои қувваи электрикӣ, бемории шадиди қалбӣ - рагҳо ва тангии роҳи нафас фавтидааст, ки бе шубҳа далели истифодаи шиканҷа ва марг дар натиҷаи шиканҷаву муносибати бераҳмонаро нишон медиҳад.
Гузашта аз ин, тафтиши парванда оид ба марги Бобоев ҳафт маротиба қатъ карда шудаву аз нав бознигарӣ гардид.
Соли 2012 ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон оид ба ин парванда шикояти фардӣ ирсол карда шуда буд. Моҳи августи соли 2017 Кумита муроҷиатро баррасӣ карда, қонунвайронкуниро аз ҷониби давлат тибқи якчанд моддаҳои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба манфиати Ҷўрабой Бобоев - падари Исмонбой иқрор намуд.
Кумитаи СММ Оид ба ҳуқуқи инсон мулоҳизоти худро ба Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷроиш фиристод. Дар он зикр мешавад, ки аз марги писари Ҷўрабой Бобоев зиёда аз ҳафт сол гузаштааст, вале ҳолатҳои дақиқи марг ҳанўз маълум нест ва мақомоти давлати узв шахсони ба ин қазия алоқамандро ҳанўз айбдор надониставу ба ҷавобгарӣ ҷалб накардаанд.
Ҳимоятгарони ҳуқуқ ва адвокат бо қарори суди зинаи аввал розӣ нашуда, ба коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ пешниҳод мекунанд.