Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, баррасии шикояти наздикони Маҳмуд Исмоилов, корманди маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе, ки дар робита ба қазияи марги маҳбуси ин муассиса Ҳамза Икромзода ба муҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, мавқуф гузошт.
Суд сабаби мавқуф гузоштани баррасии шикояти онҳоро дар хусуси тақаллуб дар тартиби протокол ва таҳрифи нишондоди шоҳидонро бино ба корҳои ҷамбастии шашмоҳа дар Суди шаҳри Душанбе рабт дода, гуфтаанд, парванда бояд ба Суди шаҳрӣ фиристода шавад.
Дар Суди шаҳри Душанбе ба TojNews ин иттилоъро тасдиқ карда, гуфтанд аввалҳои моҳи июл суд санаи баррасии ин парвандаро маълум хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, наздикони маҳкумшуда Маҳмуд Исмоилов ба мақомоти болоӣ, аз он ҷумла, ба Суди Олии Тоҷикистон аз болои ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар иртибот ба тақаллуб ва таҳрифи нишондоди шоҳидон шикоят бурдаанд, ки мебоист имрӯз баррасӣ мегардид.
Маҳмуд Исмоилов барои даст доштан дар қазияи марги Ҳамза Икромзода бо ҳукми суд ба муҳлати 5 солу 6 моҳ зиндонӣ шуд. Наздикони маҳкумуда норизоӣ доранд, ки чаро танҳо Маҳмуд Исмоилов бо моддаи баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ суд шудааст, аммо касе барои латукӯб ва куштори Ҳамза Икромзода айбдор намешавад. Агар Ҳамза Икромзода ҳатто худкушӣ карда бошад, чаро онҳое, ки барои расонидан ба ҳолати худкушӣ, гумонбар шудаанд, мо намебинем, - мегӯяд Суҳроб Исмоилов, бародари Маҳмуд Исмоилов.
Наздикони Исмоилов бо протоколи суд шинос шуда, аз болои он ба мақомоти судии болоӣ шикоят бурдаанд.
-Дар протоколи суд нишондоди шоҳидон, аз ҷумла, нишондод дар бораи Маҳмуд Исмоилов, ки ба қатли Ҳамза Икромзода иртибот надорад, таҳриф шуда, навишта шудааст, гӯё бародари ман Ҳамза Икромзода - марҳумро задааст, - мегӯянд онҳо.
Прокуратураи генералӣ бо супориши президент Эмомалӣ Раҳмон қазияро ба дӯш гирифта, гуфта буд, "ба даст доштан дар ҳодисаи марги Ҳамза Икромзода се нафар гумонбар дониста мешуданд, аммо дар курсии айбдораванда танҳо яке аз онҳо нишаст".
Ин дар ҳолест, ки чанд тан аз маҳбусони маҳбаси №1, ки дар қазияи мазкур шоҳидӣ дода буданд, баъдтар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол дода шуда, гуфта мешавад, таҳти шиканҷа аз баёноти худ даст кашидаанд.