Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шикояти хонаводаи Исмоил Бачаҷоновро, ки дар боздоштгоҳ бар асари шиканҷа ба ҳалокат расида буд, баъди як соли баррасии ин қазия қонеъ карда, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди вазорати адлияро ба пардохти маблағи 25 ҳазор сомонӣ зарар муваззаф кард.
Дар ин бора Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъи хонаводаи Исмоил Бачаҷонов имрӯз 5-уми март ба ТоjNews иттилоъ дод.
- Рӯзи гузашта, 4-уми марти соли ҷорӣ, Суди ноҳияи Сомонии пойтахт ҳалнома баровард, ки Сарраёсати иҷрои ҷазои назди Вазорати адлия ба Савриниссо Гулова, ҳамсари Исмоил Бачаҷонов ба андозаи 25 ҳазор сомонӣ, ё 6 ҳазор доллари амрикоӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад, - гуфт вакили мудофеъ.
Мурофиаи судии хонаводаи Исмоил Бачаҷонов беш аз як сол идома дошт. Тарафҳо ба ҳукми суд розӣ шуданд. Намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ иштирок доштанд ва маблағро пардохт карданд, - гуфт Абдураҳмон Шарифов.
Ин дар ҳолест, ки дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ аз шарҳи қазияи мазкур ба TojNews худдорӣ карданд.
Исмоил Бачаҷонов соли 2010 дар Боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон баъди шиканҷа аз ҷониби кормандони ин муассисаи ислоҳӣ ба ҳалокат расида буд.
Дар робита ба қазияи шиканҷаи Исмоил Бачаҷонов, се нафар кормандони боздоштгоҳи мазкур барои содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ ва истифода аз шиканҷа бо қарори суд гунаҳқор дониста шуда, аз 2 то 5-солӣ зиндонӣ шуда буданд.
Мақомот қатли Исмоил Бачаҷоновро баъди расонаӣ шудани ин ҳодиса тасдиқ карда, баъди дахолати васоити ахбори омма ба ин қазия, иқрор шуданд, омилҳои марги ҷавони гумонбар - мавриди шиканҷа қарор додани вай аз ҷониби кормандони ин муассиса будааст.
Рустам Менглиев, вазири адлияи кишвар чанде қабл дар бораи ҳодисаи марги маҳбуси дигар Аҷик Қаюмов дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичний” ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашида шудани роҳбари ин муассиса иттилоъ дода, гуфта буд:
- Давлаталӣ Раҳимов, собиқ сардори муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат барои хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ ба 10 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, Саидхон Расулов, табиби ҳамин муассиса, се сол равонаи зиндон шуд.
Таҳқиқи қазияи марги маҳбуси муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе Ҳамза Икромзода аз ҷониби прокуратураи генералии Тоҷикистон идома дорад. Ҷасади Ҳамза Икромзода бо осори зиёди шиканҷа, аз қабили доғӣ сӯхта 21-уми сентябри соли гуқзашта ба наздиконаш супурда шуд. Пайвандон дар куштори Ҳамаза Икромзода роҳбари ин муассиса Рустам Тоштемировро айбдор медонанд.
Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, прокурори генералии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ”се нафар аз кормандони маҳбас дар марги Ҳамза Икромзода муттаҳам мешаванд".
Баъди қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода, чанд нафар аз маҳбусоне, ки дар ин қазия шоҳидӣ дода буданд, ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта, ахиран Садриддин Тошев дар ин маҳбас ба нишони эътироз аз муносибати бади кормандони ин муассиса гуруснанишинӣ эълон кард.
Ҳамчунин Суннатулло Ризоев, яке аз маҳбусони дигаре, ки дар ин қазия ҳамчун шоҳид баёнот додааст, бино ба нақли пайвандонаш баъди шиканҷаи зиёд дар баданаш бо теғ номи Арабов Дилшодро буридааст. Наздикони маҳбус мегӯянд, ин номи корманди маҳбаси Хуҷанд аст, ки Суннатулло Ризоевро мавриди шиканҷа қарор додааст.