Таъхир дар тафтишоти парвандаи Шерик Карамхудоев

Таъхир дар тафтишоти парвандаи Шерик Карамхудоев

Вакилони дифои Шерик Карамхудоев, раиси боздоштшудаи бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғи Бадахшон, аз кашол ёфтани тафтишоти парвандаи ӯ изҳори нигаронӣ мекунанд. 

Дар ин бора Бобоҷон Яқубов, яке аз вакилони дифои Шерик Карамхудоев ба TojNews иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани зерҳимояашон то 31-юми декабри соли ҷорӣ муқаррар шудааст ва то ин муддат бояд корҳои тафтишотӣ ва мурофиаи судӣ нисбати Шерик Карамхудоев ба охир расад. Аммо то ба ҳол парванда, ки дар истеҳсолоти парвандаҳои Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дорад, нигоҳ дошта мешавад. 

“Ҳар ҳафта як маротиба бо зерҳимояи худ вомехӯрем. Ҷароҳати сараш дар нисбати рӯзҳои қаблӣ беҳтар шудааст, аммо пурра шифо наёфтааст. Пайи ҷароҳат боқӣ мондааст. Вай аз шароити будубош ягон шикоят надорад. Аммо мегӯяд, назди қонун ягон гуноҳ надорад. Вай мегӯяд, ки ба ӯ иҷозати вохӯрӣ бо завҷаашро то ҳол надодаанд”,- мегӯяд Бобоҷон Яқубов.  

Ҳафтаи гузашта, зимни нишасти матбуотӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз шурӯъ шудани мурофиаи судии узви ин ҳизб - Шерик Карамхудоев хабар дода буд. 

ҲНИТ боздошти раиси бахши шаҳриашро қазияи сиёсӣ унвон мекунад.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъ дар Прокуратураи генералӣ ба TojNews гуфт: "Парвандаи Шерик Карамхудоев дар салоҳияти Раёсати назорати парвандаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин гузошта шудааст ва "дар ин самт корҳо рафта истодаанд”. 

Раиси ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ зимни амалиёти низомии ҳукумат дар тобистони соли ҷорӣ, 24-уми июл, боздошт шуда буд. Баъдан, мақомот бо пахши як баёния Шерик Карамхудоевро ба даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла бо худ гирифтани яроқ ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ муттаҳам кард. 

ҲНИТ ин иддаоҳои мақомотро рад карда, мегӯяд, ки Шерик Карамхудоев бо ягон гурӯҳи ҷинояткор алоқа надоштааст ва агар мақомот барои ин далел доранд, исбот кунанд. 

Ҳамсари Шерик Карамхудое ҳамчунин ба расонаҳо дар қароргоҳи марказии ҲНИТ гуфта буд, ки талошҳои семоҳааш барои вохӯрӣ бо шавҳар бенатиҷа анҷом ёфтаанд. 

TojNews