Таҳти назорати президент қарор гирифтани таҳқиқи сабабҳои марги Икромзода

Таҳти назорати президент қарор гирифтани таҳқиқи сабабҳои марги Икромзода

Мушовири президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Умед Бобоев имрӯз волидайни Ҳамза Икромзодаро, ки дар зиндон ба ҳалокат расид, ба ҳузур пазируфта, назорати ҷараёни таҳқиқи сабабҳои марги ӯро ваъда кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» хоҳари фавтида Дилхоҳ Икромзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, санаи 25-уми сентябр падараш Файзалӣ Икромов ба унвони президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта, дархост намуд, ки ба таҳқиқоти дақиқи сабабҳои марги писараш муосидат кунад. «Дар посух Эмомалӣ Раҳмон моро хабардор кард, ки ӯ аз ин воқеа огоҳ буда, таҳқиқи ҳолатҳои марги бародарамро таҳти назорати шахсӣ қарор додааст»,- гуфт Дилхоҳ Икромзода.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки 6-уми октябр прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода онҳоро ба ҳузур пазируфта, ваъда додааст, ки гунаҳкорони марги Ҳамза Икромзодаро ошкор хоҳанд кард ва ба онҳо супориши президентро дар бораи таҳқиқоти мӯшикофонаи ин ҳодиса нишон додааст.

«Прокурори генералӣ ба мо гуфт, ки бино ба маълумоти пешакии ташхиси тиббӣ, Ҳамза бар асари ҷароҳатҳои расонидашуда фавтидааст. Ӯ ҳамчунин тасдиқҳои гӯё аз зарфҳои оби гарм дар бадани марҳум пайдо шудани осори сӯхтаро низ бепоя хонд»,- афзуд Дилхоҳ Икромзода.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Эътилофи ТҒД зидди шиканҷа дар Тоҷикистон муроҷиатномае ба номи президенти интишор намуда, дар он аз истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ изҳори нигаронӣ намуд ва барои бартараф кардани шиканҷа дар кишвар андешидани як қатор тадбирҳои таъҷилиро пешниҳод кард.

Дар ҳамин ҳол, сардори муассисаи ислоҳии №1 ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия Рустам Тоштемиров, ки маҳз дар ҳамин муассиса Ҳамза Икромзода ба ҳалокат расид, то ҳанӯз аз мансабаш сабукдӯш нагардидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сарраёсати мазкур иттилоъ доданд, феълан ташхиси судиву тиббӣ идома дорад ва то замони исбот нагардидани ҳалокати Икромзода аз шиканҷа, Сарраёсат ӯро аз мансаб сабукдӯш карда наметавонад.

Қаблан сардори Сарраёсати мазкур Иззатулло Шарифов ба наздикони Ҳамза Икромзода ваъда дода буд, ки «сарфи назар аз ташхиси тиббии мақомоти прокуратура», Рустам Тоштемировро аз вазифа озод мекунад.

«Мо бидуни сабаб кормандонамонро аз вазифа озод карда наметавонем. Кормандони мо ҳам қариб маҳбусанд, зеро танҳо баъзан дар хонаҳояшон қарор доранд. Аз ин рӯ, то дастрас гардидани натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ, мо ӯро аз мансаб сабукдӯш намекунем. Ташхисро на мо, балки мақомоти прокуратура доир месозад»,- гуфт як манбаъ аз Сарраёсати мазкур.

Ин манбаъ афзуд, замоне, ки Икромзода ба ҳалокат расид, дар зиндон кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ низ ҳузур доштанд ва «онҳо низ чӣ гуна ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаро тасдиқ карда метавонанд».

Маҳпора Киромова, Меҳрангез Турсунзода, Азия-Плюс