Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон тақвим барои соли 2025 бо нишон додани рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ таҳия намуд:
987873333 дар вилояти Суғд
987876666 дар вилояти Хатлон
987087676 дар ш. Душанбе ва НТМ
E-mail: notorture.tj@gmail.com
ва дигар маълумот барои тамос:
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо обуна шавед, то аз маълумот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj
Тақвимҳо миёни шарикони Эътилоф тақсим карда мешаванд.
Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 10-уми декабри соли 1948 қабул шудааст. Ин аввалин санади универсалии ҳуқуқии байналмилалӣ дар таърихи башарият гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро ифода мекунад. Ҳуҷҷати мазкур дар силсилаи санадҳои универсалии байналмилалие, ки ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро танзим мекунанд, аввалин ҳуҷҷат аст.
Тақвимҳо дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг ва «Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо барои инъикоси иттилоот дар бораи озодӣ аз шиканҷа», ки аз ҷониби International Partnership for Human Rights - IPHR маблағгузорӣ мегардад, омода карда шудаанд.