Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Пайвандони маҳбусони қурбонии шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон тасмим гирифтаанд бо ирсоли як нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон ва комиссари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон истеъфои Иззатулло Шарипов ва Толиб Азимовро талаб кунанд.
Хешони Ҳамза Икромзода ва маҳбусони шоҳиди марги вай дар маҳбаси Душанбе тасмим гирифтаанд ба комиссари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА бо мактубе, ки зераш ҳудуди 300 нафар имзо гузоштаанд, ба истеъфо фиристодани Иззатулло Шарипов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, Толиб Азимов, сарпрокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва раиси Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро талаб кунанд.
Дар ин бора Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии №1 шаҳри Душанбе, ки моҳи сентябри соли гузашта дар маҳбас ба ҳалокат расида буд, ба TojNews иттилоъ дод.
Бино ба нақли манбаъ, дар аризаи даъвогӣ, ки зераш ҳудуди 300 нафар имзо гузоштаанд, аз “ноадолатӣ”-и ин сегона дар баррасии қазияи марг ва шиканҷаи маҳбусон” маълумот дода шуда, ҳамчунин, ба аризаи мазкур сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ, ки аз осори латукӯб шудани маҳбусон дар маҳбаси Хуҷандро ба намоиш мегузорад, замима карда мешаванд.
Бино ба нақли Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусоне, ки баъди шоҳидӣ доданаш дар қазияи марги Ҳамза Икромзода ба маҳбаси Хуҷанд интиқол дода шуд, дар навори видеоии мазкур 12 нафар аз 51 нафаре, ки ба Хуҷанд бурда шудаанд, назди камераҳои наворбардорӣ шикоят кардаанд, ки дар ин муассисаҳо мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифтаанд.
Ин аввалин талоши эътирозии пайвандони Ҳамза Икромзода ва маҳбусони дигар нест, ки то пушти дари мақомот мераванд. Ёдрас мешавем, наздикони маҳбусон аввали моҳи феврали соли ҷорӣ назди Қасри президент гирдиҳам омада буданд.
Дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, бино ба қавли Маҳмурод Ризоев, ба онҳо ваъда дода буданд, ки шикояти онҳоро ба Матлубхон Давлатов, муовини аввали Сарвазир, ҳатман, мерасонанд, аммо то ҳол посухе дастрас накардаанд.
Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, шоми 20-уми сентябр бар асари шиканҷа дар СИЗО-и пойтахт ба ҳалокат расида буд. Ба гуфти бародари ӯ, масъулини маҳбас аз бародари Ҳамза Икромзода, чанд рӯз пеш аз маргаш, барои аз изолятори ҷаримавӣ берун кардан аз ӯ 2 ҳазор доллари ИМА талаб кардаанд.
Хонаводаи Ҳамза Икромзода қаблан ҳам унвонии Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ, Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ ва чандин вакилони Маҷлиси намояндагон муроҷиат карда, хостори баррасии мунсифонаи қазияи марги фарзандашон шуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, ҳам ба Прокуратураи генералӣ дастур дода буд, то ин парванда аз нав таҳқиқ шавад ва омилҳои марги маҳбус ошкор гарданд.
Бо вуҷуди он ки аз марги Ҳамза Икромзода панҷ моҳ сипарӣ мешавад, аммо то ҳол омилони марги вай ошкор нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон марги Ҳамзаро "худкушӣ" унвон кардаанду прокурори генералӣ Шерхон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта, ки дар марги Ҳамза Икромзода се нафар кормандони маҳбас муттаҳам дониста мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар ду соли ахир шиканҷаву азоби боздоштшудагон ва маҳбусон дар низоми пенитенсиарии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои матраҳтарини кишвар шудаанд, вале роҳбарияти Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия ҳамеша "аз об хушк мебароянд".