Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Соли гузашта дар Тоҷикистон як ҳолати тариқи “облава” ҷалб кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тасдиқи худро ёфтааст.
Ҳамасола дар рафти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабарҳо оиди ҷалби маҷбурӣ ё “облава” расонаӣ мешавад, вале Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, соли гузашта танҳо як ҳолати он тасдиқи худро пайдо кард.
23-юми май Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ гуфт, соли гузашта иҷрокунандаи вазифаи сардори мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти “Бўстон”-и ноҳияи Файзобод М.У. бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи Қонун дар якҷоягӣ бо мутахассиси зершуъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод шаҳрванд Н.Ф.-ро маҷбуран ба мошин савор карда, бо мақсади ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардан ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод овардааст.
Манбаъ мегӯяд, аз ҷониби Сарпрокурори ҳарбӣ барои бар хилофи талаботи қонун амал намудан ва тариқи иҳотагирӣ (облава) ба комиссияи даъватӣ ҳозир намудани шаҳрванд нисбати М.У. чораи дахлдор андешида шуд.
Соли 2015 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 6 муроҷиат оид ба мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ворид гардидааст.
Дар гузориши Омбудсмен вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандаҳо ба хизмати ҳарбӣ омадааст, соли гузашта нисбати масъулини комиссияи тиббии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Масъулини Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино сарфи назар аз бемор будани Эмомиддин Холов, як сокини ноҳияи Рашт ӯро ба хизмат фиристониданд. Моҳи марти соли равон Суди чаҳор корманди ин Комиссариатро аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба волидайни даъватшавандаҳо маслиҳат додааст, ки ҷиҳати пешгири ҳолатҳои мазкур ҳуҷҷатҳои тиббии фарзандони худро, ки гирифтори ягон беморианд, сари вақт омода намуда, ҳангоми зарурат ба комиссияҳои даъватӣ пешниҳод намоянд.