Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мехоҳанд, ки онҳоро ба раванди таҳияи тағйирот ба Кодекси андоз ворид намоянд

Даҳ ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо хоҳиши дастрас намудани лоиҳаи Кодекси андоз ба онҳо барои шиносоӣ ва омода сохтани пешниҳодоташон бо мактуб ба вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳорзода муроҷиат карданд. Муаллифони мактуби дастаҷамъона ҳамчунин ташкили баррасии якҷояи лоиҳаи мазкурро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳо дархост намудаанд.

“Мо боварӣ дорем, ки ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди баррасиҳо, таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андоз ба гуруҳи корӣ дар амалисозии лоиҳаи мазкур, инчунин ба назар гирифтани хусусиятҳои андозсупории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла, таҷрибаи ҷории фаъолияти ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмак мерасонад”,- зикр шудааст дар мактуб.

Инчунин, муаллифони мактуб ба роҳбари Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббуси муҳокимаи васеи лоиҳаи Кодекси андоз бо иштироки сектори хусусӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз фиристодани он барои баррасии ҳукумат изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Кодекси нави андоз бояд то моҳи сентябри соли 2020 омода карда шавад. Кодекси андози амалкунандаи Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2013 ба қувваи қонунӣ даромада буд. Системаи андозбандии Тоҷикистон борҳо аз ҷониби соҳибкорону ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифта, онҳо талаби сабук намудани бори гарони андоз ва шумораи санҷишҳои беасоси андозро кардаанд.

Зери мактуб ташкилотҳои зерин имзо гузоштаанд: ТҶ «Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир», ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ТҶ «Зеркало», Анҷумани миллии тиҷорати хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ФҶ «Нотабене», ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», ТҶ «Маркази ТИК», ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон».

NoTorture.Tj