Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
12 август дар шаҳри Душанбе тренинги якрӯза барои адвокатҳо баргузор гардид, ки дар он 25 мутахассис иштирок намуданд Чорабинӣ ҳамчун майдони муҳими касбӣ барои мубодилаи таҷриба ва амиқтар кардани донишҳо оид ба татбиқи меъёрҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи инсон дар самти ҳимояи ҷабрдидагони шиканҷа ва муносибати бераҳмона баргузор шуд.
Иштирокчиён мушкилоти ҷории амалияи адвокатиро баррасӣ намуда, малакаҳои худро дар кор бо парвандаҳои марбут ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа таҳким бахшиданд ва воситаҳои ҳимояи муассири ҳуқуқии қурбониёни шиканҷа гирифтанд.
Таваҷҷӯҳи махсус ба рушду такмили малакаҳои амалии адвокати ва баланд бардоштани сифати расонидани кумаки ҳуқуқӣ равона гардид. Чунин тренингҳо ба ташаккули равиши ягона дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таҳкими нақши адвокатура дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамоянд.
Барнома презентатсияҳо, кори гурӯҳӣ, муҳокимаи парвандаҳои воқеӣ ва таҳияи ҳалли муштаракро дар бар гирифт.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», баргузор гардид, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.