Тошевро барои фошсозии марги Ҳамза муҷозот мекунанд?

Тошевро барои фошсозии марги Ҳамза муҷозот мекунанд?

Баҳриддин Тошев рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аз он ки писарашро ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода, дар он ҷо шадидан латукӯб кардаанд, дар ташвиш аст.  

Баҳриддин Тошев гуфт, ки писараш Садриддин дар як тамоси телефонӣ ба ӯ гуфтааст, ки баъди интиқол ёфтани ӯ ба зиндони рақами 23-и шаҳри Хуҷанд “шадидан латукӯб шуда, сару рӯву баданаш сиёҳ ва чашмонаш варам кардаанд”. Ӯ мегӯяд, ки писарашро гӯё барои дастраси журналистон кардани хабари марги мармузи Ҳамза Икромзода дар моҳи сентябр “муҷозот кардаанд”.  Вай мегӯяд, ки ҳоло бояд ба писараш вакили нави дифоъ пайдо кунад, ки тавонад бо ӯ дар зиндони Хуҷанд дастрасӣ дошта бошад.
Дар ҳолати дигар, ҳамчунин рӯзи 6-уми ноябр як сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмурод Ризоев ба радиои Озодӣ занг зада гуфт, ки писараш Суннатулло Ризоев, ки ҳамчунин дар маҳбаси рақами аввали пойтахт нигаҳдорӣ мешуд, субҳи имрӯз аз писараш фаҳмидааст, ки ӯро низ ба зиндони 23-юми шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Маҳмурод Ризоев мегӯяд, ки гӯё писари ӯро низ “бераҳмона латукӯб кардаанд”. Падар гуфт, ки Суннатуло зимни шарҳи аҳволаш ба волидон гуфтааст, ки кормандони маҳбас ҳангоми латукӯб гуфтаанд, ки «шумоҳо моро фурӯхтед, ба газетаҳо дар бораи марги Ҳамза Икромзода хабар додед». 
Дар ҳоле, ки таъйиди ин хабарҳо тавассути манобеи мустақил имкон надорад, мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина изҳори назар накардаанд. Дар як тамоси телефонии радиои Озодӣ навбатдори Сарраёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки “имрӯз рӯзи истироҳат аст ва касе наметавонад ба саволҳои шумо посух диҳад”.
Рӯзи 5-уми ноябр дафтари матбуоти Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки як гурӯҳи маҳбусони зиндони рақами аввали пойтахтро ба маҳбаси рақами 23-и шаҳри Хуҷанд интиқол доданд. Онҳо гуфтанд, ки чунин амал аз рӯи як барномаи маъмулии Сарраёсати зиндонҳо сурат мегирад.

Ozodi