Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Аз 17 то 19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе курси серузаи Train-the-Trainer оид ба модели бритониёии P.E.A.C.E. баргузор шуд, ки ба рушди потенсиали миллӣ дар гузаронидани пурсишҳои инсондустона, беозор ва касбӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Дар тренинг муфаттишон, намояндагони ВКД, Академияи ВКД ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд. Ин иқдом идомаи мантиқии ду тренинги қаблӣ мебошад, ки дар Душанбе ва Хуҷанд барои 50 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардида буданд.
Модели P.E.A.C.E. стандарти тавсияшудаи механизмҳои байналмилалӣ буда, ба худдорӣ аз амалияҳое, ки ба нишондодхои худикрори асос меёбанд, ва гузариш ба усулҳои муосир, ахлоқӣ ва касбии тафтишот мусоидат мекунад.
Тренингро коршиноси байналмилалӣ Марк Диксон дар доираи лоиҳаи ТҶ "Дунëи хукук” дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии рушд ва адолат (CDJI) бо дастгирии UK FCDO баргузор мекунад. UK in Tajikistan @cdji_official