Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» ТҶ «Центр по правам человека» якчоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТ ва ҲИА ҶТ) рўзҳои 25-27-уми июли соли 2018 оид ба мукаррароти Протоколи Истамбулӣ ва хусусиятҳои гузаронидани мониторинги муассисаҳои тиббӣ, тренинги омодабошии мутахассисонро гузаронида истодааст.
Мақсади тренинг – Мақсади тренинг - ба мутахассисони чалбгаштаи мониторинг пешниҳод кардани донишҳои таҷрибавӣ оид ба усулҳои тахлили сифати ҳуччатгузори дар муассисаҳои тиббӣ, стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ва қонунгузории миллӣ дар самти ҳуҷҷатгузории тиббӣ.
Малакаи бадастомада аз ҷониби мутахассисон барои гузаронидани тахлили сифати кори табибони муассисаҳои тиббии соҳаи тандурустӣ оид ба истифодаи амалии шакли тиббии аз ҷониби ВТ ва ҲИА ҶТ тасдиқшуда - «Протоколи шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон» бо мақсади таъмини мутобиқати он ба меъёрҳои тасдиқгардида мебошад. Мониторинг мувофиқи Накшаи чорабинихои Гурухи кории ВТ ва ҲИА ҶТ, ки дар он мутахассисони масъул муайян карда шудаанд, гузаронида мешавад.
Макони баргузории тренинги фаҳмондадиҳӣ - Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ муроҷиат намоед: Парвина Наврўзова, узви Гуруҳи кории назди ВТ ва ҲИА ҶТ ва ҳамоҳангсози лоиҳа, ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», тел: +992 93 555 86 56, e-mail: p.navruzova@gmail.com