Вафот ҳангоми боздошт: айбдоркунандаи давлатӣ барои корманди ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ 9 соли маҳрумият аз озодӣ хост

Дар Суди вилояти Хатлон мурофиаи судӣ нисбати корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД Маҳмадулло Идиев бо ҷурми он, ки ҳангоми боздошт сокини маҳаллӣ Толиб Дӯстов вафот кард, идома дорад.

Дар ҷараёни мубоҳисаи ҷонибҳо прокурор Мирзо Қурбонзода аз суд дархост намуд, ки судшаванда - корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев ба 9 соли маҳрумият аз озодӣ ва ҷазои иловагӣ дар шакли чор сол маҳрум сохтан аз ҳуқуқи машғул шудан ба вазифаҳои муайян маҳкум карда шавад.

Дар навбати худ, адвокатҳои ҷониби ҷабрдида - Далер Қурбонов ва Умед Ниёзов, ки аз тарафи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ пешбарӣ шудаанд, аз суд дархост намуданд, ки бо назардошти ҳолатҳои парвандаи ҷиноятии баррасигардида ҷазои қатъӣ таъин карда шавад.

Суд як рӯз танаффус эълон кард, аммо судшаванда дар мурофиаи судии оянда ҳозир нашуд ва дар суҳбати телефонӣ бо судя аз саломатӣ, аз дарди меъда шикоят кард. Ӯ уҳдадор шуд, ки ба суд маълумотнома пешниҳод намояд ва суд баррасии парвандаро барои муҳлати муайян мавқуф гузошт.

Ҳамин тавр, судшаванда Маҳмадулло Идиев дар соати таъингардида далелҳои ҷавобгӯи бемории вазнини худро пешниҳод накард ва дар суд ҳозир нашуд. Аз ин рӯ, адвокатҳо ба Суди вилояти Хатлон оид ба тағйир додани чораҳои пешгирикунанда барои судшаванда дархост пешниҳод карданд.

Бояд гуфт, ки суд нисбати Идиев 31-уми январи соли 2018 дар Суди вилояти Хатлон таҳти раисикунандагии Фахриддин Додоматзода оғоз гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки 25-уми августи соли 2017 Прокуратураи генералии ҶТ дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи 316 қисми 3-и КҶ ҶТ нисбати кормандони ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба далели вафоти сокини ноҳияи Шаҳритус Толиб Дӯстов, ки ҳангоми боздошт фавтид, қарор баровард.

Баъдтар, моҳи декабри соли 2017 Прокуратураи генералии ҶТ дар бораи аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадани корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ, лейтенанти калони милитсия Маҳмадулло Идиев айб эълон кард.

NoTorture.Tj