Вакили дифои Шодиев: "Аз ҳукми додгоҳ розӣ нестем"

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур собиқ муфаттиши ШКД-и ин ноҳия Абдураҳмонро Додовро барои хунукназарӣ дар марги Баҳромиддин Шодиев, ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд, вале баъди чанд рӯзи боздошт ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи Қарияи Боло оварданд ва ӯ пас аз даҳ рӯз даргузашт.

Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Баҳромиддин Шодиев, рӯзи 12-уми феврал ба “Озодӣ гуфт, ки ин ҷазо ба ҷинояте, ки ба марги Баҳром Шодиев овардааст, баробар нест ва гунаҳкор баъди ду сол аз зиндони ислоҳоти меҳнатӣ озод мешавад. Вакил тасмим дорад, ки, аз рӯи ин қарори сабук ба ба додгоҳҳои зинаи боло шикоят бубарад.

Ба гуфтаи вакили дифои Баҳромиддин Шодиев, аз ибтидо наҳваи айбгузорӣ ба муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилӣ нодуруст буд. Зеро наздикони Баҳромиддин Шодиев мегӯянд, ки фарзанди 28-солаи онҳоро кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур латтукуб карданд ва ӯ бар асари шиканҷаву озор ҷон додааст.

Аммо тафтишот онҳоро бо амали "хунукназарӣ" айбдор кард, то ба онҳо ҷазои сабук пешбинӣ намояд. Илова ба ин, вакили мудофеъ меафзояд, ки ду корманди дигари Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур, ки дар марги Баҳромиддин Шодиев айбдор дониста мешуданд, аз ҷазо раҳо шудаанд ва дар нисбати онҳо чорае дида нашудааст. Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеъи Баҳромиддин Шодиев гуфт, ки ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро ноодилона мешуморад.

Ба думболи ҳалокати мармузи Баҳромидин Шодиеви 28-сола, дар моҳи моҳи октябри соли 2011, мақомоти пулис гуфтанд, ки ӯ худро аз қабати дувуми бинои пулис ҳаво дод. Вале ба ақидаи пайвандони Шодиев, ӯро дар боздошт бо шиканҷа куштаанд.

Ин парванда як сол боз дар тафтишоти иловагӣ қарор дошт ва охирин муҳокимаи додгоҳии он моҳи декабри соли гузашта аз сар гирифта шуда буд. Марги Шодиев мавҷи интиқоди созмонҳои байналмилалиро ҳам ба бор оварда буд.

Ozodi