Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов мегӯяд, ки аз ҷониби муфаттишони Оҷонсии зиди фасод латукӯб шудааст.
Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ки аз Зайд Саидов ҳимояи ҳуқуқӣ мекард, дар таърихи 25-уми июн бар асоси аризаи Зайд Саидов, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебарад, аз вакилии ӯ барканор шуд. Шӯҳрат Қудратов рӯзи 5-уми июл ба радиои Озодӣ хабари дар расонаҳо пахш шудани латукӯбаш аз тарафи муфатишони Оҷонсии зидди коррупсияро тасдиқ кард.
Вай гуфт, ки дар ҳақиқат аз тарафи муфаттишони Оҷонсӣ латукӯб шудааст ва онҳо ба Зайд Саидов фишор оварданд, ки аз вакилии ӯ даст кашад. Шӯҳрат Қудратов гуфт, ки аллакай ба мақомоти тафтишотӣ шикоят бурдааст, вале аз шарҳи ҷузъиёти бештар аз ин худдорӣ кард.
Ахиран Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав ва масъули Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Нигоҳ» сабаби аз хидмати ҳуқуқии Шӯҳрат Қудратов даст кашидани Зайд Саидовро шарҳ дода, гуфтааст, адвокат таҳти фишори сахти мақомот қарор дошт ва муфаттиши Оҷонсии мубориза бо коррупсия ӯро ҳатто латтукӯб кардааст.
Ба нақли Маҳмудҷон Қосимов, тасмими қатъи ҳамкорӣ аз хидмати Шӯҳрат Қудратовро Зайд Саидов ба хотири вазъи ногувори худи Шӯҳрат гирифтааст. Зеро Қудратов дар ҳафтаи ахир таҳти фишори сахт қарор дошту муфаттишон намехостанд, ки ӯ дар тафтишот иштирок намояд.
Аммо Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон хабари латукуби вакили дифои Зайд Саидов аз тарафи муфаттишонашро рад кард. Муҳаммадраҷаби Ҳанафӣ, сухангӯи Оҷонсӣ гуфт, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад ва имкон надорад, ки муфаттишони ин ниҳод чунин муомила карда бошанд.
Қаблан як мақоми аршади Оҷонсии зидди корупсия ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки Шӯҳрат Қудратов бо аризаи шахсии айбдоршаванда Зайд Саидов, ки дар таърихи 25 июн навишта шуда ва имзо гузоштааст, аз ҳимояти ҳуқуқии Қудратов даст кашид. Айни замон ду вакили дигар Исҳоқ Табаров ва Фахриддин Зокиров аз соҳибкори шинохта, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқӣ мекунанд.
Маҳмудҷон Қосимов дар сӯҳбаташ бо "Нигоҳ" ҳамчунин гуфтааст, ки Зайд Саидов бо кафолати мақомоти баландпоя, ки гуфтаанд, дар сурати худдориаш аз фаъолиятҳои сиёсӣ ва таъсиси ҳизб то интихоботи моҳи ноябр боздошт нахоҳад шуд ва ин кафолатро шахсан ВКД ба ӯҳда мегирад, аз сафари Аврупо баргашт. Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон рӯзи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Мақомот ибтидо ӯро ба бисёрзанӣ ва сипас ба порагирӣ айбдор карда, ҳоло иттиҳоми қаллобиро низ ба парвандааш афзудаанд.
Маҳмудҷон Қосимов ба "Нигоҳ" гуфтааст, талотуми баъдии ҳодисот маълум кард, ки аз ӯ ба ҳайси "наживка" истифода бурдаанд, то Зайд Саидовро ба дом афтонанд.