Вакили зани ҷабрдида: "Парванда боз нашавад, ба Додситонии кулл меравем"

Додситонии шаҳри Душанбе то ба ҳол дар робита ба амалкарди кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур дар нисбати зане, ки иддао дорад, ғайриқонунӣ ба манзилаш ворид шуда ва ӯ ва меҳмонҳои хориҷиашро лату куб кардаанд, парванда боз накардааст ва ин қазия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Аз додситонии шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 17 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар ҳақиқат нисбати ин ҳодиса ба додситонӣ нома ворид шудааст ва дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони Эътилофи алайҳи шиканҷа рӯзи ҷумъа гуфта буданд, ки нисбати ин ҳодиса ба додситонӣ муроҷиат кардаанд.

Дилшод Ҷӯраев, вакили дифоъи зани ҷабрдида низ рӯзи душанбеи 17 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо рӯзи ҷумъа ба додситонии шаҳри Душанбе дар робита ба ин ҳодиса муроҷиат карданд, аммо то ҳол нисбати амалкарди кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур парванда боз нашудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҷӯраев, бар асоси қонун додситонӣ муддати се рӯз пас аз ворид шудани ариза бояд ё нисбати ҳодиса парванда боз кунад ё ба он ҷавоби рад диҳад. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз додситонии шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки нисбати ин ариза имрӯз тасмим хоҳанд гирифт.

Аммо Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои зани ҷабрдида мегӯяд, “агар додситонии шаҳри Душанбе дар нисбати ин ҳодиса чорае набинад, онҳо ба додситонии кулли Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.”

Зимнан, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа рӯзи 13 октябр хабар дод, ки ба ин созмон зани 34-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард ва гуфт, ки мавриди бадрафтории ходимони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур қарор гирифт. Ин зан гуфтааст, ки дар яке аз рӯзҳои аввали моҳи октябр кормандони милиса ба ҳангоми санҷиши шиносномаҳои сокинон дар чаҳорчӯби амалиёти «Нелегал» зӯран вориди хонаи ин зан шуда, меҳмонҳои хориҷии дар хонаи ӯ бударо ба идораи милиса бурданд.

Илова ба ин, худи ин занро барои мухолифаташ ба бадрафтории милиса, шадидан латукӯб карда баъдан ба идораи милиса бурдаанд. Ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, давоми чор соат то 12 шаб дар идора нигоҳ дошта, танҳо баъди гирифтани баёноти онҳо аз ин ки ҳеҷ шикояте надоранд, ҷавоб додаанд. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа гуфтааст, ки барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин зан як вакили дифоъро таъйин кардааст. Исм, ҳуввият, маҳалли кор ва дигар ҷузъиёти марбут ба шахсияти ин зан нашр нашудааст.

Ҳамзамон мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа дар робита ба сабти муносибати хашини кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба шаҳрвандон аз расонаҳо огоҳ шуда буд, ба таҳқиқи ион пардохтааст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 14 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо он ки шахси ҷабрдида ба мақомоти вазорати корҳои дохилӣ нисбати бархурди хашини кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарда, балки ба созмоне шикоят бурдааст, аммо раёсати амнияти дохилии вазорат ин мавридро мавриди санҷиш қарор медиҳад”.

Вай гуфт, дар чунин ҳолат шахси ҷабрдида бояд бевосита тариқи телефони боварӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат мекард ва мақомоти ин сохтор ба мушкили шаҳрванд расидагӣ мекарданд.

Аммо аз хабари Эътилофи зидди шиканҷа бармеояд, ки рафтори “хашини “ кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур нисбати ин зан дар рӯзҳои баргузории амалиёти “Нелегал – 2016”, ки охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр ҷараёни гирифт, сурат гирифтааст.

Зеро қаблан вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар фурсати охири сентябр то 7 октябри соли 2016 дар Тоҷикистон амалиёти «Нелегал-2016» ҷараён мегирад. Ин даври дуюми амалиёт аст ва дар даври аввали он моҳи май Шӯъбаи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оилаи Раёсати тартиботи ҷамъиятӣ ва Шӯъбаи пешгирӣ аз хариду фурӯши одамон ҷалб шуда буданд. Мақомоти ВКД Тоҷикистон гуфтанд, ки дар чаҳорчӯби ин амалиёт то куҷо ба таври қонунӣ кору зиндагӣ доштани 15 ҳазору 74 хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифта буд. Дар пайи даври аввали амалиёти полис маълум шуд, ки 285 шаҳрванди хориҷӣ қоидаҳои будубош дар Тоҷикистонро вайрон кардаанд. Наздик ба 50 тани онҳо ба далели нақзи қонунҳои будубош аз Тоҷикистон ихроҷ шуданд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар шаш моҳи соли 2015 барои риоя накардани қонун ва интизоми хизматӣ, 977 корманди сохторҳои корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ гирифта ва аз ин теъдод 187 нафар аз кор озод гардидаанд.

Ozodi