Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Оғози лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Мустахкам намудани хукукхои инсон ва ислохоти низоми пенитенсиарй
Душанбе, 4 март
Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» ва Фонди Ҳолландии «Perspectivity Challenge» бо хушнудӣ аз оғози лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: Таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ» ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, хабар мерасонанд. Лоиҳа аз феврали соли 2024 то апрели соли 2026 амалӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани иқтидори созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлияи Тоҷикистон дар самти пешгирии шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мусоидат дар бунёди низоми пенитенсиарии самаранок ва одилона мебошад. Ҳадафи умумии лоиҳа – мусоидат ба бунёди ҷомеаи одилона ва баробарҳуқуқ тавассути таҳкими чораҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ мебошад. Аз ҷумла, лоиҳа:
тавассути баланд бардоштани иқтидор ва татбиқи низоми пурсамари пурсиш дар милитсия
(принсипҳои Мендес).
иқтидори устувор ва низоми муассири идоракунии маҳбасҳо.
Ба гурӯҳи мақсадноки лоиҳа созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, адвокатон, қурбониёни поймолкунии ҳуқуқи инсон ва шиканҷа, аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин роҳбарияти маҳбасҳо ва кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, муфаттишон ва муфаттишони ВКД, Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Парлумон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.
Дар доираи лоиҳа ҳамчунин тадқиқот ва таҳлили маълумот оид ба поймолкунии ҳуқуқи инсон ва шиканҷа, таъсиси низоми ҷамъоварии маълумот барои ҷамъоварии маълумоти ҳамаҷониба оид ба ҳолатҳои шиканҷа ва пешниҳоди хидматҳои ҳуқуқӣ, амниятӣ ва равонӣ ба қурбониёни поймолкунии ҳуқуқи инсон ва наҷотёфтагони шиканҷа. Дар доираи лоиҳа, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд лоиҳаи озмоиширо барои татбиқи таҷрибаи беҳтарини байналмиллалӣ дар пурсишҳои тафтишотӣ амалӣ хоҳад кард.
Ин фаъолиятҳо бо ҳам алоқаманд буда, ҳамдигарро пурра намуда, муносибати ҳамаҷониба ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон, пешгирии шиканҷа ва рушди низоми одилона ва ислоҳоти муассири системаи пенитенсиарӣ хоҳанд шуд. Шарикони лоиҳа бо саъю кӯшиш барои ҳамкории зич, бо тамоми тарафҳои манфиатдор барои ноил шудан ба ҳадафҳои лоиҳа ва рушди ҷомеае, ки адолат ва волоияти қонунро бартарият медиҳанд, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳар як фарди Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Файзуллоева Сулхия , тел.: (+992) 55 333 66 22, почтаи электронӣ: world.law.tj@gmail.com