Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиени хукукии Чумхурии Точикистон» бо иштироки намояндагони тамоми субъектҳои хифзи хукуки инсон дар вилояти Сугд ба наворбардории ток-шоу дар мавзӯи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» омодагиро огоз намуд. Наворбардории ток-шоу рӯзи 20 июн соати 11:00, аз ҷониби ТРК «АЗИЯ» сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Машваратчиени халки зидди шиканча!», ки бо дастгирии молиявии «Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон – IPHR» амалӣ мегардад, имконпазир гардид.
Ҳадафи лоиҳа ба мусоидат ба иштироки фаъолонаи Институти машваратчиёни халки дар ҷараёни мурофиаи судӣ, инчунин омӯзиш оид ба ошкор намудани ҳолатҳои шиканҷа тавассути баланд бардоштани сатҳи иттилоотию ҳуқуқӣ, дониш ва малакаҳои амалии онҳо равона карда шудааст.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба мутахассиси иттилооти ташкилот – Абдурасулова Муҳаррам муроҷиат кунед.
Телефон барои маълумот: 92 7755755
e-mail: info@apart.tj
web-site: www.apart.tj