Article Pages

Ба иттилои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, мурофиаи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон, ки бояд 23-юми сентябр дар суди мазкур баргузор мегардид, аммо ба вақти дигар монда шуд, пагоҳ, 6-уми октябр доир мегардад.  Тавре аз Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буданд, баъди бекор кардани қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117...

05.10.2016 - 14:11

Хуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, ному насаби нафареро, ки Доро Суҳробӣ, журналисти ҷавони тоҷикро латукӯб намудааст, муайян кардаанд.  Хуршед Атовулло, ки ҳамчунин роҳбарии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро ба уҳда дорад, дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст, ки “аллакай мо ному насаб, вазифаи он нафарро медонем ва инро ҳам медонем ки дар "боло" кӣ дорад,...

05.10.2016 - 13:34

Суди шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми сентябр шикояти адвокат Дилафрӯз Самадоваро дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ оид ба далели шиканҷа ва боздошти ғайриқонунии сокини 37-солаи Турсунзода Уктам Игамов, ки 2-юми июни соли равон дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд фавтид, рад кард. Ӯ 19-уми майи соли 2016 бо айби содир кардани ҷинояти характери экстремистӣ дошта боздошт шуда буд. 28-уми май ӯ аз тавқифгоҳи...

01.10.2016 - 12:27

Сарбози яке аз қисмҳои низомии ВКД Тоҷикистон, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа мустақар аст, ҳамхизмати худро парронд.   Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ин робита иттилоъ дод, ин ҳодиса рӯзи 21 сентябр рух дода, бар асари ҷароҳати бардошта хизматчии ҳарбӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.   Ҷасади хизматчии ҳарбӣ ба наздиконаш, ки дар ноҳияи...

28.09.2016 - 16:34

Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон хостори даъвати наваскарон аз ҳамаи табақаҳои аҳолӣ шуд.  Тавре аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин нукта дар ҷамъомади ҷумҳуриявӣ бахшида ба даъвати тирамоҳии наваскарон баён шуда, таъкид гардидааст, ки аз фасодкорӣ зимни даъвати ҷавонон ҷилавгирӣ шавад.  Ба иттилои манбаъ дар ҷаласа, ки бо ҳузури вазири...

27.09.2016 - 11:38

Рӯзҳои 27-29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе барои адвокатҳо ва аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ тренинг баргузор мегардад. Он ба масъалаи ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона бахшида шудааст. Чорабинӣ аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Русудан Бериашвили аз ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» (ҳаммуаллифони Протоколи Истамбулӣ), инчунин...

27.09.2016 - 09:23

Идори ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар доираи лоиҳаи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ба ҳимояи журналисти латукӯбшудаи тоҷик оғоз кард. Ҳуқуқшиноси ташкилот аллакай бо рӯзноманигори ҷабрдида дар тамос шудааст. Ба гуфтаи хабарнигори нашрияи «Фараж» Доро Суҳробӣ, ӯ ба латукӯб аз ҷониби кормандони милитсия дар...

22.09.2016 - 11:32

Кашмакаши дубораи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбудаи тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон 23-юми сентябр дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе аз сар гирифта мешавад.  Тавре аз эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, баъди бекор кардани қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев, ки боиси норозигии...

21.09.2016 - 15:11

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, қазияи латту кӯби Доро Суҳробӣ,хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистиро пайгирӣ дошта, омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ мебошад.  Оқои Қаршибоев имрӯз, 20 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ тасмим гирифтааст, бо журналисти ҷабрдида вохӯрда, дар таҳия ва амалӣ...

20.09.2016 - 11:35

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як посух ба сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” аз баррасӣ гардидани муроҷиати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дод. Дар вокуниши мазкур омадааст, ки “оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуда, муқаррар гардид, ки нозири шуъбаи милитсия оид ба...

20.09.2016 - 09:02

Страницы