Article Pages

Маҳбусони зиндонҳои Хуҷанд дар мулоқот бо намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бекориро мушкили умдаи худ номидаанд. Нурулло Ҳомидов, раҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи 29 декабр дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, маҳбусони зиндонҳои ин шаҳр бекории худ дар маҳбасро мушкили асосии худ меноманд. Ҷаноби Ҳомидов афзуд, ки инро зимни дидор...

30.12.2015 - 21:38

Тафтиши парвандаи қатли ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба анҷом расида, рӯзҳои наздик ба суд ирсол карда мешавад.  Як манбаъ дар Прокуратураи генералӣ ба TojNews гуфт, тафтиши парвандаи онҳо ба анҷом расида, ҳафтаи равон ба Суди олии Тоҷикистон  фиристода хоҳад шуд. Манбаъ аз шарҳи бештари хабар худдорӣ карда танҳо илова намуд, ки “ҳоло ҷонибҳо бо он шинос мешаванд....

30.12.2015 - 12:45

Маъмурони пулиси Маскав як муҳоҷири тоҷикро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаву зимни латукӯб пойашро шикастаанд. Тавре дар навори видеоии аз ҷониби Каромат Шарипов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Русия дар шабакаи "Ютуб" гузошташуда омадааст, маъмурони пулиси ноҳияи "Автозаводская”-и Маскав як шаҳрванди тоҷикро бо ҷурми надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба боздоштгоҳ бурдаву онҷо ӯро латукӯб кардаанд, то ба...

24.12.2015 - 22:35

Раиси нозироти андози ноҳияи Файзобод Лутфулло Алиев як соҳибкорро дар утоқи кориаш латукуб кардааст. Соҳибкор У.К. мегӯяд, чанде  пеш Лутфулло Алиев дар ҳуҷраи кориаш ӯро латукӯб карда, дашномҳои қабеҳ додааст. Ӯ мегӯяд, барои масъалаи корӣ ба қабулаш рафтам, вале ин масъули ҳукумат маро лат кард: -Ман барои гирифтани имзои раиси нозироти андоз ба назди Алиев даромадам. Ҳисобот...

22.12.2015 - 21:15

Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон 10 декабр ҳалномаи Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷандро дар робита ба марги Фирдавс Раҳматов,сарбози 22-солаи қисми ҳарбии 04080 тағйир додааст.  Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои Фирдавс Раҳматов имрӯз, 12 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар асоси ин тағйир, афсарон О.Ҳомидов, Р.Маҳмадов ва Х.Ҳакимов тайи ду соли оянда аз...

12.12.2015 - 20:54

Додситонии ҳарбии Тоҷикистон ба таҳқиқи як навори видео пардохтааст, ки дар он гурӯҳе аз сарбозон ҳамхидматони худро зери мушту лагад гирифтаанд. Додситонии ҳарбии Тоҷикистон навореро мавриди таҳқиқ қарор додааст, ки дар он як афсари артиши Тоҷикистон чанд сарбози зоҳиран аз нигоҳи рутба ва синну сол аз худаш хурдро бо мушту лагад ба рӯву гардан ва пою шикамашон мезанад. Алихон Убайдуллоев,...

11.12.2015 - 19:45

Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният «Ҳимоятгари беҳтарини сол»-ро эълон кард. Бояд гуфт, ки аз соли 2009 инҷониб Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ҷоизаи ҳарсолаи «Ҳимоятгари беҳтарини сол»-ро эълон медорад. Барандаи он метавонанд олимон, ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бошанд. Ҳамчунин, фаъолони ҷомеаи...

09.12.2015 - 13:41

Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ мегӯяд, ки ҳодисаи ба ҳалокат расидани сарбоз Адҳамҷон Эргашев дар яке аз қисмҳои низомии вазорати дифоъ воқеъ дар Дарвозро таҳқиқ мекунад. Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ дар робита ба ҳалокати як сарбози қисми низомии тобеи Вазорати дифои Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз парванда боз карда, таҳқиқотро дар ҷойи ҳодиса оғоз намудааст. Ин ҳодиса рӯзи шанбеи 6...

09.12.2015 - 12:56

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори шоҳидии Шарифҷон Раҳматов, муттаҳами дуюми 20-сола дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариати ноҳияи Синоро нашр кард.    Тибқи гузориши Вазорати умури дохилӣ Раҳматов ва Умедҷони Амрохони 21-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотӣ бо кормандони комиссариат рӯбарӯ мешаванд: “Зимни гуфтушунид боздоштшудагон беасос ба...

21.11.2015 - 20:38

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбари дувум дар куштор ва захмӣ кардани чаҳор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 18 ноябр аз боздошти гумонбари дувум дар қатлу захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт хабар дод. Вазорат аз ин нафар Раҳматов Шариф Куканович, соли таваллудаш 1995,...

18.11.2015 - 14:39

Страницы