Вазорати молия: Мо омодаем лоиҳаи Кодекси андозро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ намоем

Вазорати молияи Тоҷикистон ба дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба дастрас намудани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо барои шиносшавӣ ва омодасозии пешниҳодоташон ҷавоб дод.

Қаблан даҳ ташкилоти ҷамъиятӣ бо дархости дастрас намудани лоиҳаи Кодекси андоз ва ташкил кардани баррасии якҷояи лоиҳаи мазкур бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тариқи мактуб ба вазири молияи кишвар муроҷиат карда буданд (http://notorturetj.org/tj/news/tashkilotkhoi-chomeai-shakhrvandi-mehokhand-ki-onkhoro-ba-ravandi-takhiyai-tagyirot-ba-kodeksi).

Дар посухи Вазорати молия бо имзои муовини вазир К. Гулмуродзода гуфта мешавад, ки «тибқи Нақша-чорабиниҳои гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба қадамҳои минбаъда вобаста ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав Вазорати молия ҷиҳати дар моҳи июни соли 2020 ба баррасии васеи омма пешкаш намудани лоиҳаи Кодекси нави андоз муваззаф гардидааст”.

“Айни замон гуруҳи кории байниидоравӣ бо коршиносони байналмилалӣ дар ин самт ҳамкориро ба роҳ монда, дар муҳлати муқарраргардида лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири навро ба вазорату идораҳо ва баррасии омма пешниҳод менамояд,- зикр шудааст дар мактуби ҷавобӣ.

- Вазорати молия ҳамчун пешбарандаи сиёсати андоз омодагиро ҷиҳати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ иброз менафмояд,- гуфта мешавад дар посухи вазорат.

Кодекси нави андоз бояд то моҳи сентябри соли 2020 омода карда шавад. Кодекси андози амалкунандаи Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2013 ба қувваи қонунӣ даромада буд. Системаи андозбандии Тоҷикистон борҳо аз ҷониби соҳибкорону ташкилотҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифта, онҳо талаби сабук намудани бори гарони андоз ва шумораи санҷишҳои беасоси андозро кардаанд. 

NoTorture.Tj