Вазорати мудофиа: Навори «дедовшина» дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогарӣ аст

Вазорати мудофиа: Навори «дедовшина» дар шабакаҳои иҷтимоӣ иғвогарӣ аст

- Навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо саҳнаи лату кӯби сарбозони ҷавон аз ҷониби хизматчии ҳарбии собиқадор (кӯҳансол) ё ҳайати хурди афсарӣ дар артиши Тоҷикистонро бо як сухан метавон иғвогарӣ номид, - иброз дошт ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ахири соли гузашта тамоми қисмҳои низомӣ ва воҳидҳои Артиши миллии Тоҷикистон пурра бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

«Ҳамаи биноҳои хуфту хез, ошхона, роҳравҳо, макони баргузории машғулиятҳо, истироҳат ва маишати сарбозон тариқи камераҳо шабонарӯзӣ назорат мешаванд, ҳатто ҷараёни машғулиятҳо ва омодагии ҳарбии сарбозон шабонарӯзӣ мушоҳида мегардад ва дар сафи қушӯнҳои Вазорати мудофиа чунин ҳодисаҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ ба қайд гирифта нашудааст», - гуфт Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза қабл аз сафороии субҳгоҳӣ афсарон бо сарбозон суҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, ки ҳар як арзу шикоят ё муроҷиати дар ҷараёни он гуфташударо раҳбарияти қисмҳои низомӣ ҳамаҷониба меомӯзад.

Дар навори видеоиии мазкур чӣ гуна аз ҷониби хизматчии ҳарбии собиқадор (кӯҳансол) ё ҳайати хурди афсарӣ ба таври бераҳмона муддати 8 дақиқа лату кӯб шудани сарбозони ҷавон намоиш дода мешавад.

Азия-Плюс