Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи даъвои волидони Хушвахт Қаюмови 17-сола, сокини ноҳияи Ёвонро барои пардохти 50 ҳазор евро, муодили 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ аз ҷониби вазорати корҳои дохилӣ, шурӯъ кардааст. Хуршед Исоев, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиа намояндагони вазорати корҳои дохилӣ ва Хушвақт Қаюмов бо падараш ҳузур доштанд.
Додрас Хуршед Исоев афзуд, мурофиаи даъвои пардохти зарари маънавӣ қаблан шурӯъ шуда буд, аммо ба хотири ташхиси судӣ, муваққатан ба таъхир уфтод. Ба гуфтаи додрас, ҳамакнун мурофиа тоза шурӯъ шудааст ва дар бораи мавқеи вазорати корҳои дохила ва ё даъвои волидони Хушвақт, аз шарҳи бештар худдорӣ хоҳад кард.
Тавре созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯянд, Хушвақти 17- соларо Машраф Алиев, корманди умури дохилаи ноҳияи Ёвон барои ба гардан гирифтани дуздӣ дар моҳи апрели соли 2012 ба Шӯъбаи умури дохила оварда, латту куб мекунад. Бар асари фишору латту куб Хушвақт ба гуноҳи худ “иқрор” мешавад ва бегоҳи ҳамон рӯз дар оғили хонаашон худро бо ресмон овехтанӣ мешавад. Волидонаш ӯро дар ҳолати беҳушӣ ресмон дар гарданаш пайдо мекунанд.
Дар соли 2013 Машраф Алиев ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо аз озодии Машраф Алиев аз маҳбас дар соли равон огоҳ шудаанд, ки тибқи қонуни афви соли 2014 барои “ахлоқи намунавӣ” раҳо ва муваззаф шудааст, ки ҳар ҳафта худро дар мақомоти интизомӣ, сабт намояд.
Ҳамин тавр, дар моҳи декабри соли 2014 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе вазорати умури дохиларо ба пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ба хонаводаи Хушвақт Қаюмов муваззаф кард. Ин бузургтарин ҳаҷми товонест, ки як ниҳоди давлатӣ дар Тоҷикистон ба маҳзи шиканҷа бояд пардохт кунад. Вале ин ҳукм ҳанӯз иҷро нашудааст.