«Якҷоя барои адолат»

13-15-уми май дар Алмаато конфронси минтақавии эътилофҳои зидди шиканҷаи се кишвар - Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Чунин вохӯриҳо дар се сол як маротиба баргузор шуда, барои баррасии мушкилоти дардовар ва дурнамои фаъолият имконият фароҳам меоранд. Бартарияти ин вохӯрӣ иштироки ду нозир аз Ӯзбекистон ва шумораи зиёди ташкилотҳои байналмилаливу донорӣ буд.

Таҷрибаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона то ҳол барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкили актуалӣ боқӣ мемонад. Анъанаҳои манфии умумӣ дар рафти вохӯрӣ ба таври зайл муайн карда шуданд: истифодаи шиканҷа барои нишондодҳо, чун қоида, ҳангоми нигоҳдорӣ дар шуъбаҳои милитсия барои ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ, шумораи парвандаҳои вабаста ба шиканҷа, ки то суд рафтаанд, беҷазоӣ, миқдори ками ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа, татбиқи заифи Протоколи Истамбулӣ - ҳуҷҷати тиббӣ, ки барои муайн намудани изҳои шиканҷа кӯмак ва ҳамчун исбот дар суд хизмат мерасонад.

Ба назар мерасад, ки вазифаи ҳар се эътилоф ба якдигар монанд аст: ташаккул додани сиёсати «таҳаммулпазирии нокифоя» ба шиканҷа - ин вақте ки дар ҳамаи сатҳҳои мақомот аксуламали манфӣ ба шиканҷа вуҷуд дорад ва барои истифодаи онҳо таъини ҷазои ҳадди ақали имконпазир аз рӯи қонун пешбинӣ гардидааст. «Ин орзуи амалинашаванда аст» - фикр мекунанд бархе. Аммо ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунандаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки шомили эътилофанд, зиёд кӯшидаанд, то он дар ояндаи наздик ба ҳақиқат табдил ёбад.

Аммо дар конфронсе, ки «Якҷоя барои адолат» ном дошт, бештар на дастовардҳо, балки мушкилоти умумӣ баррасӣ гардиданд.

Масалан, ба Эътилофи зидди шиканҷаи Қазоқистон ҳамасола бо шикоят аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳудуди 200 нафар муроҷиат мекунанд. «Вале солҳои охир чунин муроҷиатҳо бамаротиб кам мешаванд, зеро мақомот моддаи марбут ба расонидани маълумоти бардурӯғро нисбати нафарони аз шиканҷа шикояткарда фаъолона истифода мебаранд. То суд бошад, парвандаҳои ангуштшумор ворид мешаванд. Дар соли 2018 онҳо 11 адад буданд»,- гуфт роҳбари Эътилофи зидди шиканҷаи Қазоқистон Роза Акилбекова.

Дар Тоҷикистон тӯли панҷ соли охир ба Эътилофи зидди шиканҷа 281 шикоят аз шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ворид гардидааст. «Дар ин давра аз манфиатҳои 238 шаҳрванд дар судҳо, мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ намояндагӣ карда шуда, 30 нафар, қисман тибқи моддаи баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ маҳкум гардиданд»,- илова намуд ҳамоҳангсози Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Наҷиба Ширинбекова.

Дар Қирғизистон соли гузашта аз рӯи 119 ариза кӯмаки ҳуқуқӣ расонида шудааст, ки миёнашон аризаҳо аз солҳои қаблӣ низ будаанд. Танҳо аз рӯи 4 ҳолат, ки Эътилоф бо онҳо сарукор мегирад, мувофиқи моддаи «Шиканҷа» парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Беҷазоӣ - чизи аз ҳама бадест, ки боиси шиканҷа мегардад. Директори Маркази таҳқиқи сиёсати ҳуқуқии Қазоқистон Нозгул Ергалиева ба ин бовар аст, ки инҷо дақиқан назарияи иқтисодии ҷиноятии Беккер амал мекунад, ки мутобиқи он, агар фоида аз ҷиноят назар ба эҳтимолияти ҷазо бештар бошад, пас содир гардидани ҷиноят идома меёбад. Ӯ ба иштирокчиён натиҷаҳои тадқиқоти беназири бо омори рақамӣ асосёфтаро пешниҳод намуд: оморҳои муваққатӣ, фазоӣ ва миқдорӣ, ки бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона алоқаманданд.

Нотиқон ва мавзуҳои баромадҳо гуногун, аммо тавре мушоҳида гардид, барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ муҳим буданд.

Дар бораи он, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ аллакай имрӯзҳо бояд оид ба лоиҳаҳои тиҷоратии имконпазир фикр кунанду вобастаи бурсияҳо набошанд, директори генералии ширкати ҳуқуқии «Пешгӯӣ» Фотима Якупбаева аз Қирғизистон сухан гуфт.

Леонид Драбкин аз OVD info - медиа-лоиҳаи мустақили ҳуқуқҳимоякунанда оид ба таъқиботи сиёсӣ дар Русия дар бораи муҳимияти краудфандинг (ҷамъоварии воситаҳо барои маблағгузории идеяҳо бо кӯмаки маблағҳои ихтиёрӣ) барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мисоли ташкилоти худаш сухан гуфт. «Бо кӯмаки телефони боварии худ мо оид ба боздоштҳо дар аксияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳо маълумот ҷамъ меорем, хабарҳо нашр мекунем ва кӯмаки ҳуқуқӣ ба боздоштшудагонро ҳамоҳангсозӣ менамоем. Гуруҳи мониторингӣ, рақами боварӣ, ҳамоҳангсозии кӯмаки ҳуқуқӣ ва бисёр дигар корҳо ба шарофати пардохтҳои хусусӣ амалӣ карда мешаванд»,- афзуд ӯ.

Марина Говорухина, муассиси клуби мубаллиғони касбии «Пиранья» (Украина) дар бораи таблиғ ва муошират дар қисми ғайритиҷорӣ чунон боваҷд ва бо боварӣ сухан гуфт, ки дар вақти танаффус хоҳишмандони коркарди стратегияи коммуникатсионии ташкилотҳояшон бо кӯмаки ӯ ба номбурда муроҷиат карданд.

Николай Овчинников аз «Командаи 29» - иттиҳодияи ҳуқуқҳимоякунандаи ғайрирасмии ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон, ки муқобилият бо пӯшидагии афзояндаи давлат дар Русияро ҳадафи худ қарор додааст, оид ба муошират бо ҷавонон тариқи бозӣ нақл кард. Намунаи барҷаста бозии омӯзишии таҳиянамудаи «Командаи 29» «оид ба муошират бо мақомотиҳо» дар Русия - «Гэбня» аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.

Анна Кирей аз Amnesty International дар бораи корҳои ташкилии ҷамъиятӣ дар фаъолияти ТҒД-и ҳуқуқҳимоякунанда сухан гуфта, инчунин видеоролики аз ҷониби онҳо омодашудаеро, ки баъди он Қирғизистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбонро имзо кардааст, пешниҳод намуд.

Вохӯрие, ки аз ҷониби эътилофҳои зидди шиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо дастгирии Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон ташкил карда шуда буд, бо коркарди стратегияи минтақавии эътилофҳои кишварҳо анҷом ёфт.

NoTorture.Tj