Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иван Шимонович, ёвари Дабири кулли СММ рӯзи чаҳоршанбе аз яке аз маҳбасҳои пойтахти Тоҷикистон дидан кард.
Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон берун аз барномаи сафари худ ғайримунтазира пешниҳод кардааст, ки аз маҳбасҳои Тоҷикистон дидан кунад.
Одинашоҳ Муродов, сӯхангӯи раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 23-юми май ба «Озодӣ» гуфт, ки Иван Шимонович дирӯз пас аз мулоқот бо вазирони корҳои хориҷӣ, адлия ва дохилии Тоҷикистон, ғайримунтазира пешинҳод намудааст, ки аз яке аз маҳбасҳои Дуашнбе дидан намояд.
Ба гуфтаи Одинашоҳ Муродов: «Тақрибан соати 19:00 Иван Шимонович ҳамроҳ бо гуруҳи ҳуқуқшиносон ба маҳбаси рақами 4 воқеъ дар маҳалаи «1-ум Советский» омад ва бо шароити ин маҳбас ҳамаҷониба ошно шуд.»
Ин манбаъ меафзояд, «ёвари СММ аз утоқҳои алоҳидаи маҳбас, аз ошхона, масҷид, утоқи мулоқоти маҳбусҳо бо наздикон, аз гармхонаву ҳамаи шароити мавҷуди ин маҳбас хабар гирифт.»
Ҳамчунин Иван Шимонович бо чанд тан маҳбусҳо аз ҷумла бо Эшони Сироҷиддин, ки бо ҷурми ҳамкорӣ ба гуруҳи салафия зиндонӣ шуда буд мулоқот намуда, аҳволпурсӣ кардааст.
Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимонович шоми 21-уми май барои сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд ва роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳуқуқӣ ва интизомии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
Боздиди ин мақоми СММ аз яке аз зиндонҳои Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки соли 2012 дар таърихи Тоҷикистон соли ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа буд ва ҳам соле, ки калимаи "шиканҷа" борҳо дар минбарҳои Созмони Милал, нишастҳои ҳукумати кишвар ва хабару таҳлили расонаҳои ахбори ом садо дод. Дар ин як сол масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон ду дафъа дар нишастҳои Созмони Милал баррасӣ шуд.
Тоҷикистон дар соли 1995 Эъломияи зидди шиканҷаи СММ-ро имзо кардааст, вале моҳи ноябр ҳангоми баррасии вазъи Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ таъкид шуд, ки ин ниҳоди байналмилалӣ аз гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафториву шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон, ба хусус дар боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти Миллӣ ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ҷиддан нигарон аст. Дигар мояи нигаронии амиқ ба гуфтаи Созмони Милал, он аст, ки мақомоти Тоҷикистон, даъвову шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаро бетарафонаву зуд таҳқиқ намекунанд ва гунаҳкоронро беҷазо мегузоранд, ки ин сабаби худсарии бештар дар байни маъмурони амниятӣ мешавад.
Созмони Милал қазияи марги Усмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов, Аловуддин Давлатов, (Алии Бедакӣ), Дилшодбек Муродов, Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиевро ёдовар шудааст, ки ба гуфтаи хешовандонашон, ё бар асари лату кӯби бераҳмонаи маъмурони милиса ё дар натиҷаи зарбу шатта аз тарафи зиндонбонҳо ба ҳалокат расиданд.
Ёвари дабири кулли СММ Иван Шимонович қазияи Зайд Саидовро бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар миён гузошт.
Иван Шимонович - ёвари муншии СММ рӯзи 22 май ба Озодӣ гуфт, ки пас аз огоҳ шуданаш аз қазияи Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва раиси гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав қазияи ӯро дар мулоқоташ бо вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов баррасӣ кардааст. «Ман ин масъаларо бо вазири корҳои дохила муҳокима кардам. Ӯ гуфт, ки дар боздошт ва ҳабси Саидов вазорати корҳои дохилӣ дахл надошт, вале ин масъаларо бо дигар мақомоҳои Тоҷикистон матраҳ мекунад,» - гуфт афзуд ёвари муншии СММ Иван Шимонович.
Иван Шимонович таъкид кард, ки аз ин қазия танҳо субҳи имрӯз хабар ёфт ва дар мулоқотҳояш бо намояндагони дигари мақомоти давлатии Тоҷикистон низ масъалаи Зайд Саидовро баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин вай афзуд, ки СММ низ дар алоҳидагӣ қазияи Зайд Саидовро хоҳад дид. Қабл аз мулоқот бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Иван Шимонович дар дидораш бо ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз тарафи намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари ин кишвар аз сарнавишти Зайд Саидов огоҳ шудааст.
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони «Перспектива-плюс» рӯзи 22 май пас аз анҷоми ин мулоқот ба радиои Озодӣ гуфт, бо ёвари муншии СММ Иван Шимонович нақзи ҳуқуқи Зайд Саидов, раиси ҳизби сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав»-ро ҳамроҳ бо намояндагони созмонҳои дигари дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон матраҳ кардаанд.
Ойниҳол Бобоназарова гуфт, ки намояндаи баландмақоми СММ-ро аз нақзи ҳуқуқҳои Зайд Саидов шурӯъ аз аз лаҳзаи боздошташ дар фурудгоҳи Душанбе, то замони лағви дахлнопазириаш дар маҷлиси ғайринавбатии вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе дар ҷараён гузоштааст. Вай мегӯяд, ки мувофиқи қонунҳои маҳалливу байналмилалӣ ин амали мақомоти Тоҷикистон «ғайриқонунӣ» мебошад
- Дар мулоқот бо Иван Шимонович таъкид кардем, ки таи ду рӯзи авали боздошташ вакилони мудофеъ натавонистанд бо зерҳимояи худ Зайд Саидов мулоқот кунанд. Ин амали ғайриқонунӣ буд, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ роҳ дода шуд, - гуфт Ойниҳол Бобоназарова дар сӯҳбат бо Озодӣ. Вай гуфт, ки дар ин мулоқот ҳамчунин роҷеъ ба ғайриқонунӣ будани тасмими маҷлиси шаҳри Душанбе оиди бекор шудани масунияти Саидов дар баробари қонунҳо хабар додааст.
«Дар сӯҳбат мо гуфтем, ки ҳуқуқи конститутсионии Зайд Саидов доир ба «эҳтимоли бегуноҳӣ» дағалона аз ҷониби расонаҳои давлатӣ вайрон шуда истодааст. Мувофиқи қонун танҳо суд ҳуқуқи истисноии гунаҳкорр эълон кардани шахсро дорад. Гузашта аз ин, мақомот бо вуҷуди дахнопазирии вай ҳамчун вакили маҷлиси шаҳри Душанбе ӯро ба ҳабс гирифтанд ва баъдан вакилони ин маҷлис бидуни ҳузури вай дахнопазириашро лағв карданд,»- гуфт
Ойниҳол Бобоназарова ба Радиои Озодӣ.
Ёвари муншии СММ Иван Шимонович дар доираи як сафари дурӯзааш шоми 21 май вориди Душанбе шуд. Дар назар аст, ки Иван Шимонович бо ваколатдори ҳуқуқи башар Зариф Ализода ва бо додситони кулл Шерхон Салимзода низ мулоқот кунад.
Масъули ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар ҷараёни дидораш бо Додситони кулли Тоҷикистон дар Душанбе қазияи Зайд Саидовро матраҳ накардааст.
Иван Шимонович, ёвари Дабири куллии СММ дар масоили ҳуқуқи башар дирӯз 23-юми май бо Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Лилия Захариева, мушовири дафтари Кумисориёи Олии СММ дар масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки мавзӯъи боздошти соҳибкор ва раҳбари гурӯҳи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов дар мулоқоти оқои Шимонович бо намояндагони ҷомеъаи мадании ин кишвар матраҳ шуд, вале ин мулоқот пас аз дидори оқои Шимонович бо додситони кулли Тоҷикистон анҷом шуд.
Рӯзи 22-юми май масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон, аз ҷумла Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Перспектива-Плюс” аз мавориди нақзи ҳуқуқи башар ба ҳангоми боздошти Зайд Саидов ба оқои Шимонович шикоят бурданд.
Онҳо гуфтанд, ки оқои Саидов замоне боздошт шуд, ки ҳанӯз масунияти намояндаи маҷлиси шаҳриаш лағв нашуда буд ва аз сӯйи дигар имкони боздид бо вукалои дифоъи худро дар зарфи ду рӯзи нахусти боздошт надоштааст.
Ин мавзӯъ ба гуфтаи манобеъи СММ дар Душанбе дар дидори Иван Шимонович бо Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон матраҳ шуд, аммо оқои Раҳимов гуфтааст, ки ин ниҳод ба боздошти Зайд Саидов рабте надоштааст.
Иван Шимонович бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон низ мулоқот дошта ва бо ӯ масоили ҳуқуқи башарро дар кишвар баррасӣ кардааст.
Гуфта мешавад пас Иван Шимонович натоиҷи ин сафари худро пас аз бозгашт ба Ню Йурк, дар пайи анҷоми дидор бо мақомот марбути кишварҳои дигари Осиёи Миёна, дар гузориши расмӣ дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои минтақа нашр хоҳад кард.
Имрӯз Иван Шимонович Тоҷикистонро ба қасди Ӯзбакистон тарк кард.