Article Pages

Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон хостори даъвати наваскарон аз ҳамаи табақаҳои аҳолӣ шуд.  Тавре аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин нукта дар ҷамъомади ҷумҳуриявӣ бахшида ба даъвати тирамоҳии наваскарон баён шуда, таъкид гардидааст, ки аз фасодкорӣ зимни даъвати ҷавонон ҷилавгирӣ шавад.  Ба иттилои манбаъ дар ҷаласа, ки бо ҳузури вазири...

27.09.2016 - 11:38

Рӯзҳои 27-29-уми сентябр дар шаҳри Душанбе барои адвокатҳо ва аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ тренинг баргузор мегардад. Он ба масъалаи ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона бахшида шудааст. Чорабинӣ аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Русудан Бериашвили аз ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» (ҳаммуаллифони Протоколи Истамбулӣ), инчунин...

27.09.2016 - 09:23

Идори ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар доираи лоиҳаи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ба ҳимояи журналисти латукӯбшудаи тоҷик оғоз кард. Ҳуқуқшиноси ташкилот аллакай бо рӯзноманигори ҷабрдида дар тамос шудааст. Ба гуфтаи хабарнигори нашрияи «Фараж» Доро Суҳробӣ, ӯ ба латукӯб аз ҷониби кормандони милитсия дар...

22.09.2016 - 11:32

Кашмакаши дубораи додгоҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбудаи тоҷик бо Раёсати марзбонии Тоҷикистон 23-юми сентябр дар додгоҳи низомии гарнизони Душанбе аз сар гирифта мешавад.  Тавре аз эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, баъди бекор кардани қарори қаблии додгоҳ барои пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавию моддӣ ба Шаҳбол Мирзоев, ки боиси норозигии...

21.09.2016 - 15:11

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) мегӯяд, қазияи латту кӯби Доро Суҳробӣ,хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистиро пайгирӣ дошта, омодаи ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ мебошад.  Оқои Қаршибоев имрӯз, 20 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳуқуқшиноси АМВАОМТ тасмим гирифтааст, бо журналисти ҷабрдида вохӯрда, дар таҳия ва амалӣ...

20.09.2016 - 11:35

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як посух ба сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” аз баррасӣ гардидани муроҷиати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дод. Дар вокуниши мазкур омадааст, ки “оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуда, муқаррар гардид, ки нозири шуъбаи милитсия оид ба...

20.09.2016 - 09:02

Қазияи латукӯби Доро Суҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» зери назорати қатъии  Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар қарор дорад. Баъд аз як соати нашри хабар дар сомонаи Faraj.tj бо супориши вазир аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ гуруҳи махсус ташкил шуда, ба таҳқиқи ҳодисаи латукӯб оғоз кардаанд. Кормандони ВКД ва Раёсати амнияти дохилии...

19.09.2016 - 21:52

Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мавриди латукӯби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи «Гипрозем» гардидааст. Тавре номбурда дар суҳбат бо Faraj.tj иброз намуд, ӯ бо супориши редаксия дирӯз, 18-уми сентябр мехостааст аз рафти корҳои роҳсозӣ ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳалла барои шумораи навбатии ҳафтаномаи «Фараж» «фоторепортаж» омода намояд.  -...

19.09.2016 - 15:32

Тоҷикистон ба тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар заминаи беҳ кардани вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар посух хоҳад дод. Ҷавоби ҷониби Тоҷикистон ба тавсияҳоест, ки баъди муаррифии гузориши панҷсолааш оид ба вазъи ҳуқуқи башар (солҳои 2011-2016) дар СММ рӯзи 6-уми май таҳия шудааст. Дар ин ҷаласа Тоҷикистон аз кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ 203 машварат...

15.09.2016 - 09:24

Дар иҷлосияи навбатии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали муттаҳид, ки имрӯз, 13 сентябр дар Женева ба кор шурӯъ мекунад, вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад.   Бино ба маълумоти маркази иттилооти СММ, иҷлосия то 30 сентябр идома ёфта, миёни кишварҳое, ки дар бораи риояи ҳуқуқи инсон дар доираи Гузориши универсалӣ ҳисобот пешниҳод мекунанд, Тоҷикистон низ ҳузур дорад...

13.09.2016 - 14:07

Страницы