Зариф Ализода: соли гузашта аз маҳбасҳо танҳо ду муроҷиат оид ба шиканҷа ворид шуд

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода имрӯз, 31-уми январ, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки муроҷиатҳои ба институти омбудсмен вобаста ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа воридгардида тасдиқи худро наёфтаанд.

Зариф Ализода гуфт, ки соли гузашта 13 муроҷиат вобаста ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ворид шудааст: «Аз 13 муроҷиат дутояш аз ҷониби хешовандони нафароне ворид гардид, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд. Дар рафти санҷишҳо далелҳои истифодаи шиканҷа тасдиқи худро наёфтанд».

Ваколатдор афзуд, ки вобаста ба ёздаҳ муроҷиати дигар низ санҷишҳо гузаронида шудаанд.

- Соли гузашта танҳо аз рӯи чор ҳолат аз ҷониби прокуратура нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи моддаи 143, эзоҳи 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Айни замон ду парванда ба суд фиристода шуда, ду парвандаи дигар дар марҳилаи тафтишот қарор доранд,- зикр намуд Ализода.

NoTorture.Tj