Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди шаҳри Хуҷанд корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Хусрав Ниёзқуловро барои истифодаи шиканҷа ба 1 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмонов хабар дод, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда ба итмом расида, Х.Ниёзқулов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) гунаҳкор дониста шуд. «Ӯ ба як соли маҳрумият аз озодӣ бо адои ҷазо дар зиндони низоми умумӣ маҳкум карда шуд», - гуфт вай.
«Ҳукм алҳол мавриди амал қарор нагирифта, маҳкумшуда аллакай шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд», - афзуд судя.
Бино ба маълумоти тафтишот, моҳи июни соли равон Ниёзқулов ҳамроҳи як корманди дигари милиса ба гумони даст доштан дар паҳнкунии дискҳои дорои филмҳои фаҳш (порнографӣ) шаҳрванди 20-сола М.Ш.-ро боздошт намуда, муддати тамоми рӯз ӯро дар ҳуҷраи кории худ нигоҳ медоранд. Бар асари лату кӯб, аз ҷумла бо шишаи пластикии бо об пуршуда аз ҷониби онҳо, ҷабрдида аз гӯшҳояш ҷароҳат бардошта, гурдааш ҳам осеб мебинад ва ҳамаи инро коршиносони ташхиси судиву тиббӣ ба қайд гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки ин ҳукми дуюм аз рӯи моддаи нави «Шиканҷа»-и Кодекси ҷиноии ҶТ аст. Моҳи сентябри соли равон мутобиқи моддаи «Шиканҷа» нисбат ба нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраф Алиев ҳукми нахустини 7 соли зиндон содир гардида буд.