Як маҳбуси ҷавон дар зиндони №1-и пойтахт худро ба дор овехт

Як маҳбуси ҷавон дар зиндони №1-и пойтахт худро ба дор овехт

Як маҳбуси ҷавон дар зиндони шумораи аввали пойтахт худро ба дор овехта, ҷон додааст.

Аъзамшо Солеҳов, аз наздикони Маҳмадшариф Насриддинови 21-сола, рӯзи 4-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки Маҳмадшариф шаби шанбе пас аз он, ки кормандони маҳбас Давлатов Мамад ва Шерафкан аз ӯ телефони ҳамроҳ пайдо намуданд, мавриди латукӯби шадид қарор мегирад. Ба гуфтаи Аъзамшо Солеҳов, Маҳмадшариф Насриддинов дигар ба ин озор ва латукӯб тоқат наоварда, дар соати 02:00-и нимашаб худро бо рахти хоб (простин) ба дор меовезад.

Аъзамшо Солеҳов мегӯяд, вақти супоридани ҷасади Маҳмадшариф ба волидонаш, кормандони маҳбас гуфтаанд, ки ӯ бемории руҳӣ доштааст. Аммо ҷаноби Солеҳов аз қавли падару модари Маҳмадшариф мегӯяд, ки вай ҳеҷ гуна бемории равонӣ надошт ва чанд ҳафта пеш бо ӯ мулоқот карда буданд ва ӯ аз вазъи сиҳатии худ ҳеҷ шикоят надоштааст.

Рӯзи якшанбе ҷасади Маҳмадшариф Насриддиновро дар қабристони маҳаллаи «Ховарон», воқеъ дар ҳафткилометрии пойтахт ба хок супурданд. Ба қавли Аъзамшо Солеҳов, имрӯз, 4-уми феврал маъракаи "серӯзагӣ"-и Маҳмадшариф Насриддинов баргузор мешавад.

Аммо Одинашоҳ Муродов, сухангӯи Раёсати ислоҳии маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса изҳори бехабарӣ намуд ва гуфт, ки ҳатман дар давоми рӯз маълум хоҳанд кард, ки чӣ гуна маҳбус худро ба дор овехтааст.

Маҳмадшариф Насриддинов дар соли 2011 бо моддаи 244 қонуни ҷазоӣ барои се сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур ӯро ба иттиҳоми дуздидани «диск» дастгир карда буданд. Вай ду соли давраи ҷазоро паси сар намуда ва ба қавли наздиконаш, мебоист соли 2014 ба озодӣ мебаромад.

Даст ба худкушӣ задании зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар охири моҳи декабри соли гузашта сокини деҳаи Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз Файзулло Мансуров дар маҳбаси "Кирпичний" худро ба дор овехта, ба ҳалокат расида буд. Ба иттилои манобеи расмӣ, дар соли гузашта дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/2, мавсум ба «Кирпичний»-и шаҳри Ваҳдат се зиндонӣ даст ба худкушӣ задаанд.

Ozodi