Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Беш аз 20 нафар шаҳрвандоне, ки имрӯз ба қабули мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон омада буданд, баъд аз интизории панҷсоата бо Ҷумъахон Давлатов суҳбат кардаанд.
- Имрӯз 12-уми феврал шаҳрвандоне, ки дар назди қасри президенти Тоҷикистон, ба қабули Ҷумъахон Давлатов, Мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ ва намояндаи комилҳуқуқи сарвари давлат дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, ба ТоjNews гуфтанд, тавонистанд ба дидори номбурда "мушарраф" шаванд.
Ҷумъахон Давлатов, мушовири давлатии президент оид ба ҳуқуқи шаҳрвандон ба онҳо гуфтааст, сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шиканҷаи маҳбусон дар маҳсабҳо иттилоъ надорад ва ҳатман ба ин қазия расидагӣ хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, аз субҳи имрӯз наздикони маҳбусони зиндони №23-и шаҳри Хуҷанд мехостанд ба Дасгоҳи иҷроияи Президент аз вазъи наздикони маҳбусашон ва таҳти фишору шиканҷа қарор гирифтани онҳо муроҷиат кунанд.
Маҳмурод Одинаев, падари яке аз маҳбусон, ки ба ӯ ваъда дода буданд, имрӯз ба мушовири Эмомалӣ Раҳмон - Ҷумъахон Давлатов вохӯрад, баъд аз панҷ соати интизорӣ аз қасри президент баумед ба хона баргаштааст.
Бино ба гуфтаи коршиносон, ин ки сарвари мамлакат метавонад аз қазияҳои муҳим дар сиёсати дохилии Тоҷикистон иттилоъ надошта бошад, имконпазир аст.
-Дар ин бора вақтҳои ахир бисёр мегӯянд, ки пинҳон кардани иттилоъи воқеӣ, ё расонидани воқеият ба роҳбари ҳукумат ба бизнеси асосӣ дар ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфтааст. Аммо дар бораи шиканҷаи маҳбусон, ки аз соли гузашта ба яке аз масоили доғи рӯз дар Тоҷикистон мубаддал шудааст, ин иддао, ба гумони ғолиб, дурӯғ аст, - мегӯяд коршинос Маҳмуди Абдулло.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон супориши Эмомалӣ Раҳмонро ба прокуратураи генералии Тоҷикистон дар бораи таҳқиқи қазияи марги маҳбуси Муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе - Ҳамза Икромзодаи 28-сола ба ёд меоранд, ки баъд аз ин супориш Шерхон Салимзода эълон дошт, дар ин қазия се нафар гумонбар дониста мешаванд.
- Ҳарчанд қазия дар прокуратураи генералӣ кашол ёфт, умед аст, ки ҳадди ақал ваъдаи Ҷумъахон Давлатов дар бораи ҳалли қазия самимӣ аст, - мегӯяд ӯ.
Беэътиноии масъулини ҳукуматӣ ба муроҷиати шаҳрвандон падидаи нав дар ҳукумати Тоҷикистон нест.
Тирамоҳи соли гузашта як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз офати табийӣ дар Кӯлоб ва баҳси бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар ҷамоати Қуштеппаи ноҳияи Рудакӣ аз Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон шикоят карда буданд, ки бо баҳонаи он ки гӯё дар сафарӣ корӣ дар Хоруғ буданаш, аз қабули шаҳрвандон худдорӣ кардааст.