Зариф Ализода далели ошкорбаёниашро гуфт

Зариф Ализода далели ошкорбаёниашро гуфт

Зариф Ализода, омбудсмени Тоҷикистон, хусусияти интиқодӣ доштани гузориши ахираш оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро натиҷаи шиносоӣ бо вазъи воқеӣ дар кишвар гуфт.

Зариф Ализода дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳеҷ ниҳоде дар марҳилаи аввали фаъолияташ наметавонад, гузориши фарогири воқеиятро оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар таҳия кунад. Ализода дар гузориши ахири худ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ниҳодҳои дигари кишвар бештар ба қазияҳои додгоҳӣ, нақзи ҳуқуқи сокинон ва бастани сайтҳои интернетӣ таъкид кардааст.

Ӯ нисбатан “воқеӣ” будани гузориши ахирашро дар он гуфт, ки бо гузашти солҳо ҳамкориро бо созмонҳо ҷамъиятӣ беҳтар ба роҳ монда таҳлилҳои амалӣ гузаронда истодаанд. Ализода мегӯяд, дар гузориши ҷадидаш норасоиҳоеро зикр кардааст, ки дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва қонунгузорӣ мушоҳида шудааст. Барои бартараф кардани ин камбудҳо идораи ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон 93 нуктаро пешниҳод кардааст, ки дар оянда мавриди амал қарор хоҳанд гирифт. Ализода афзуд, ки “бо ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ созмонҳои ҷамъиятӣ ҳамкории зич ба роҳ мондем. Барои ба даст овардани иттилои бештар дар 8 минтақаи кишвар қабулгоҳҳо таъсис додем.”

Зариф Ализода таъкид, кард, ки бо вуҷуди баъзе камбудҳо дар маҷмуъ вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар мусбат аст.

Ozodagon