Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикиcтон ба аризаи шикоятии вакилони дифои Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев посухи радд дод.
Файзи Олӣ, вакили дифои Димон Ашӯров рӯзи 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи сешанбе ҳайати мушовараи Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи шикоятии наздикон ва ҳимоятгарони ҳуқуқии онҳоро баррасӣ кард ва онро бидуни тағйир гузошт: «Бо ҳамин ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати ин ду нафар ба қувваи иҷро даромад ва наздикони онҳо низ аз ин ҳукм норозӣ нестанд ва гуфтанд, ки дигар дар нисбати Димон Ашӯров шикоят нахоҳанд бурд ва онҳо акнун дар маҳбас давраи ҷазои худро паси сар хоҳанд кард».
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 10-уми майи соли равон Шерик Карамхудоев раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар Хоруғро ба 14 соли зиндон ва Димон Ашӯров сокини дигари Бадахшонро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.
Файзи Олӣ бо такя ба ҳарфҳои бархе аз наздикони Димон Ашӯров ва кормандони собиқи ниҳодҳои қудратии кишвар гуфт, ки ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати Димон Ашӯров одилона будааст. Ба таъкиди Файзи Олӣ, зерҳимояаш дар давраи тафтишоти пешакӣ бархе маълумотҳо дар бораи амалҳои худро аз вай махфӣ нигоҳ дошта ва ӯ ба ҳарфҳои Димон бовар кардааст:
«Ҳангоми мулоқотҳо дар боздоштгоҳ, Димон аз ман бархе амалҳои худро пинҳон медошт ва ман бехабар аз маълумотҳое, ки баъдтар хешовандонаш гуфтанд, аз вай дифоъ кардам. Димон воқеан яке аз афроди фаъоли гуруҳҳои мусаллаҳ дар ҳодисаҳои моҳи июли нооромиҳои Бадахшон будааст. Вай аз куҷо маблағи зиёд дошт, ки ба Чин раваду дар онҷо табобат кунад?»
Қаблан дар рӯзи содир шудани Ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати Димон Ашӯров ва Шерик Карамхудоев, вакилони дифои онҳо гуфтанд, ки додгоҳ ин ҳукмро бидуни ширкати вакилони дифоъ эълон кард, ки муғойир ба қавонини ҷории кишвар аст. Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифоъ ҳукми муваккилашро «говсуд» номид ва гуфт, додрас ҳақ надошт бидуни ширкати вакилони дифоъ ҳукм содир кунад.
Тафтишот Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши Ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғро дар «созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ», «ширкат дар беназмиҳои оммавӣ», «зӯроварӣ алайҳи намояндаи давлатӣ» ва «ғайриқонунӣ ҳифз кардани силоҳ» айбдор кард.
Мурофиаи Шерик Карамхудоев ва Димон Ашӯров дувумин додгоҳи марбут ба нооромиҳои моҳи июли соли гузашта дар маркази вилояти Бадахшон аст. Дар ҷараёни амалиёте, ки 24 июли соли 2012 бо талаби ба мақомот супурдани гумонбарони қатли раиси идораи амнияти Бадахшон генерал Абдулло Назаров оғоз ёфт, қариб 70 нафар кушта шуданд. Мақомот дар пайи ин амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар бораи боздошти 40 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон хабар доданд, вале то кунун танҳо 4 нафар бо ҷурми даст доштан дар он ҳодисаҳо маҳкум шудаанд.