Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аскар Одинаев, ки рӯзе пеш Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба авбошӣ ва таҳдид ба ҷони талабаи мактаби миёна айбдор карда буд, корманди собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ будааст. Капитани мустаъфии амният феълан дар озодӣ аст. Вай ба TojNews ҷузъиёти ҳодисаи 2-юми сентябрро дар мактаби миёнаи рақами 35-и шаҳри Душанбе ва баъдан латукӯб шуданашро дар ШКД-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нақл кард:
- Ман ним соат кӯдакони худро дар назди мактаб дар дохили мошинам интизор шудам, ки то онҳоро ба хона барам. Баъди дарс, аввал духтари ман, ки дар синфи 11 мехонад, аз мактаб берун шуд. Вай бо духтарон, бо ҳамсинфонаш буд. Ман ба пешвози ӯ рафтам. Ҳамин вақт як ҷавон ба онҳо наздик шуд, хирагӣ кардан гирифт.
Ман ҳамчун падар овоз баланд кардам, ки «Чӣ кор мекунӣ? Тез даф кун худатро аз ин ҷо. Шарм намедорӣ?» Вай гурехта, дуртар рафт ва бо дӯстонаш ба ман таҳдид карданд, ки ҳоло ист бо ту чӣ кор мекунем. Ман кӯдаконамро гирифта ба хона омадам. Мошинро ба автомойка бурдам. Баъди чанд лаҳза одамони ношинос аз хонаи ман занг зада гуфтанд, ки зуд хона биёям. Ман мошинро гирифта омадам.
Дар назди хонаи ман чор мошин буд. Дар дуртар як ҷип ҳам меистод. Баъд фаҳмидем, ки ин падари “ҷабрдида” Асадулло Раҷабов, корманди милиса будааст. Аз мошин 10-15 нафар берун шуданд, ки либоси омиёна доштанд. Онҳо маро ба ҳар сӯ кашола карда, талаб мекарданд, ки “пистолетро куҷо кардӣ?” Ман ҳайрон шудам, чунки ман силоҳ надорам, зеро ман нафақахӯр ҳастам. Онҳо маро латукӯб карданд. Ҳамсояҳо берун шуданд.
Пурсиданд, ки чӣ гап аст. Онҳо бо ҳамсояҳо ҷанҷол карданд, ҳамсояҳоро заданд. Мо гумон кардем, ки инҳо авбошҳои кӯча ҳастанд, чунки онҳо ба мо худро муаррифӣ накарданд. Баъд дар Шуъбаи корҳои дохилӣ фаҳмидем, ки падари “ҷабрдида” Асадулло Раҷабов будааст. Падари ҷабрдида рост истода ҳамаи ин саҳнаи латукӯб ва ҷанҷолро тамошо мекард. Фақат мегуфт, ки: «қати мошин-пошинш бардорен, баренаш...» Онҳо ба хонаи ман даромаданд.
Онҳо зани ман ва писари 15-солаамро заданд. Ба гапҳои ман бовар накарданд, ки ман 20 сол дар мақомоти амниятӣ кор кардам. Ман капитани мустаъфии амният ҳастам. Маро ба мошин бор карда, ба ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур бурданд. Ман дар замин шиштам, чунки сарам чарх мезад. Соле пеш захми мағзи сарамро ҷарроҳӣ карда буданд. Боз маро заданд. Ба кабинет дароварданд, панҷ соат ҳар сари чанд вақт задаву кӯфта нигоҳ доштанд.
Баъд аз муроҷиати зани ман ба прокуратура ва пешниҳоди шаҳодатномаи ташхиси тиббии экспертӣ маро раҳо карданд. Гуфтанд, ки рафта аз падари “ҷабрдида” узр пурсам. Гуфтанд, ки: “мо ҳам мардем-ку, кора хапу дам ҳал мекунем”. Тамоми шаб хоб накардам.
Ин саҳар ба духтур рафтам. Маълум шуд, ки ду қабурғаамро шикастаанд, боз чанд ҷароҳати дигар бардоштаам.
Аскар Одинаев мегӯяд аз кормандони милиса ба суд шикоят хоҳад бурд. Дар ШКД-и Шоҳмансур гуфтанд, Аскар Одинаев дар ҳолати мастӣ қарор доштааст ва баъди он ки вай аз ҳозир шудан ба ШКД “бахубӣ” розӣ нашудааст, ӯро зӯран овардаанд...