Адвокат: Тоҷиевро бо қувваи барқ шиканҷа додаанд

Адвокат: Тоҷиевро бо қувваи барқ шиканҷа додаанд

Адвокати Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар Исфара ба гумони ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ боздошт шуда, феълан дар СИЗО-и Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад, мегӯяд, имрӯз, 13-уми ноябр, баъди даҳ рӯзи боздошти зерҳимояш, билохар вохӯрӣ ва суҳбат кардааст.

Юсуф Донёров, адковати Умедҷон Тоҷиев мегӯяд, зерҳимояаш бо ду пойи шикаста  дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Бино ба иттилои адвокат, дар ин вохӯрӣ, ки ҳудуди 40 дақиқа идома кардааст, Умедҷон Тоҷиев гуфтааст, ба айби нисбаташ эълон шуда розӣ нест, худро бегуноҳ меҳисобад.

- Ба ӯ таҳдид кардаанд, ки хоҳад-нахоҳад гуноҳро (ташкили гурӯҳи ҷиноӣ) ба гардан хоҳад гирифт. Мо ба ҳамроҳи Тоҷиев қариб 40 дақиқа сӯҳбат кардем. Ҳар ду пояш шикаста аст. Иттилое, ки гӯё танҳо як пойи чапаш шикаста бошад, дурӯғ аст, ҳар ду пояш шикастагӣ аст. Ӯро ба воситаи барқ азият додаанд.

Вай ба ман нақл кард, ки ба дастонаш завлона зада (наручник- русӣ), онро дар об тар карда, ба барқ пайваст кардаанд. Умедҷон Тоҷиев дар рафти суҳбат иқрор шуд, бо зарби шиканҷа тоқат накарда, худашро аз ошёнаи 3-юм ба замин партофтааст, - мегӯяд вакили дифоъ.

Прокуратураи вилояти Суғд ба Юсуф Донёров, адвокти Умедҷон Тоҷиев, баъди даҳ рӯзи боздошташ имрӯз, 13-уми ноябр иҷозати вохӯрӣ дод.

Ёдрас мекунем, нисбати Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз сӯи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Исфара дастгир шуда буд, бо моддаи 187 қисми 2 (ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара Умедҷон Тоҷиев, бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 30-юми октябри соли ҷорӣ ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар ин шаҳр бо сабаби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия) дастрас шуда будааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои омӯзиши қазияи боздошти узви ин ҳизб, ки ба ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ муттаҳам мешавад, зери роҳбарии муовини раиси ин ҳизб Муҳаммадкарими Орзу ҳайати махсусеро ба Исфара фиристода буд.

TojNews