Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, марги Умедҷон Тоҷиев - узви боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар Суғд таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз хулосаи ташхиси коршиносон эълон нашудааст.
Оқои Менглиев, ки дар нишасти хабарии 30 январ сӯҳбат мекард, гуфт, Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққат буд ва баробари фаҳмидани он ки ӯ бемор аст, ба табобатхонаи муассисаи ислоҳӣ интиқол додаанд. “Мо табобати ӯро ба ӯҳда гирифта будем”, - афзуд вазири адлия.
Умедҷон Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январи соли ҷорӣ дар бемористони муассисаи ислоҳии Хуҷанд ҷон дод. Ӯ ҳангоми партофтан аз ошёнаи севум сахт зарб хӯрда буд ва ҳатто барои мулоқот бо вакили мудофеаш рӯи занбар меомад. Бо вуҷуди он ки мудофеашон борҳо аз мақомот интиқоли ӯ ба бемористон ва табобатшро талаб карда буданд, вале ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфт ва дар он ҷо фавтид.
Дар нишасти хабарии 30 январ то омадани Рустам Менглиев барои сӯҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон, муовини ӯ Ҳаким Мирсайев натиҷаи кори ниҳодашон дар соли гузаштаро қироат мекард. Оқои Мирсайев дар ҳисоботи худ гуфт, дар тӯли соли 2013 расман ягон шиканҷа дар зиндонҳои кишвар сабт нашудааст. Ӯ илова кард, “мо наметавонем вуҷуд доштани шиканҷаро рад кунем. Чунин ҳолатҳо ҳастанд ва оид ба ҳар як ҳолат тафтишот бурда мешавад, ки додситон машғул аст. Ҳисобот дар асоси мониторинг ва мушоҳидаҳои мо омода шудааст. Ҳар матлабе, ки оид ба шиканҷа дар расонаҳо нашр мешавад, мо ҳатман пайгирӣ мекунем”.
Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз 30 январ зимни нишасти матбуотӣ мавҷудияти шиканҷаро дар зиндонҳои кишвар инкор накард. Ӯ инчунин аз сангинтар шудани муҷозот барои шиканҷа, никоҳи тоҷикон бо хориҷиён, афзоиши талоқ ва татбиқи ҳукми қатл дар Тоҷикистон суҳбат намуд.
Менглиев баъди изҳороти муовинаш, Ҳаким Мирсайев, ки гуфт, соли 2013 дар зиндонҳои кишвар ягон ҳолати шиканҷа расман сабт нашудааст, афзуд: “Мо наметавонем вуҷуд доштани шиканҷаро рад кунем. Чунин ҳолатҳо ҳастанд ва оиди ҳар як ҳолат тафтишот бурда мешавад, ки додситон машғул аст. Ҳисобот дар асоси мониторинг ва мушоҳидаҳои мо омода шудааст. Ҳар матлабе, ки оид ба шиканҷа дар расонаҳо нашр мешавад мо ҳатман пайгирӣ мекунем”.
Вазир таъкид намуд, ки бо иловаи тағйирот дар моддаи 143-и Кодекси ҷиноятӣ, мувофиқи талаботи байналхалқӣ дар Тоҷикистон низ ҷазои касоне, ки шиканҷаро истифода мебаранд, сахттар хохад шуд: “Аммо танҳо бо ҷазо додан мушкил ҳал намешавад ва ҷинояти истифодаи шиканҷа аз миён намеравад”.
Дар мавриди ҳукми қатл вазири адлия гуфт, ки феълан панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд, аммо амалан он татбиқ намешавад: “Ҳоло комиссияи махсус дар мавриди лағви ҳукми қатл аз қонунгузории ҷумҳурӣ кор мебарад. Дар ҷумҳурӣ бештар аз 50 нафар ба таври якумра аз озодӣ маҳрум шудаанд. Шароити нигаҳдории онҳо ба талаботи қонунгузорӣ мувофик аст. Инчунин боз дар ноҳияи Вахдат як маҳбасхонаи дигар сохта мешавад”.
Ӯ афзуд, ки ки айни замон дар зиндонҳои Тоҷикистон 320 шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта мешаванд: “Аз ин миқдор 4 нафар шахрвандони Чин, 28 нафар шаҳрвандони Қирғизистон, 92 нафар Узбакистон ва 122 нафар шаҳрвандони Афғонистон мебошанд”.
Менглиев дар мавриди номаи маҳбус Ёқуб Салимов, собиқ фармондеҳи фронти халқӣ, ки зимни номае аз мақомот иҷозаи иштирок дар ҷанозаи модараш хоста буд, гуфт, ки маълумоте дар бораи ин нома надорад.
Оқои Менглиев инчунин аз афзоиши талоқ дар кишвар хабар дода, илова кард, ки соли 2013, 8 ҳазору 194 сабти бекоркунии никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудаст: “Дар ин давра бастани ақди никоҳ бошад 97 ҳазору 471 ҳолат сабт гардидааст”.
Вазир аз ҷумла изҳор дошт, ки тайи соли 2013 шаҳрвандони Тоҷикистон бо 137 атбои хориҷӣ ақди никоҳ бастаанд: “Ақди никоҳ бештар бо шаҳрвандони Афғонистон, Қирғизистон ва Узбакистон сабт шудааст. Издивоҷи тоҷикистонӣ бо шаҳрванди Чин ҳамагӣ дар як ҳолат сабт шудааст. Дар мавриди талоқи ин оилаҳо ягон иттилоъ надорем”.