Волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе гуруснанишинӣ мекунанд

Волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе гуруснанишинӣ мекунанд

Волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе 1-уми феврали соли ҷорӣ соати 10:00 ба гуруснанишинӣ оғоз мекунанд. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза Икромзода (эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа дар маҳбас фавтидааст) иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, гуруснанишинӣ аз ҷониби волидайни маҳбусон ба хотири аз тавқифгоҳи ҷаримавӣ озод гардидани Давлатёр Курбонов – яке аз шоҳидони қазияи Ҳамза Икромзода баргузор мешавад.

«Давлатёр Қурбоновро барои шоҳидӣ доданаш оид ба таҳти шиканҷа қарор ёфтани фарзанди ман 13 рӯз мешавад, ки дар тавқифгоҳи ҷаримавии муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт нигоҳ медоранд. Ин тавқифгоҳ асосан маконест, ки дар он ҷо маҳбусонро таҳти фишор ва латту кӯб қарор медиҳанд. Ба ин восита кормандони маҳбасхона талаб доранд, ки Давлатёр Қурбонов аз додани шоҳидӣ дар қазияи Ҳамза Икромзода даст кашад. Ба ҳамин хотир ба нишони эътироз тамоми падару модарони маҳбусон фардо гуруснанишинӣ эълон мекунем ва то Қурбонов аз ин тавқифгоҳ озод нагардад, мо аз пеши маҳбасхонаи №1 дур намешавем», - гуфт Зулайхо Ҷӯраева.

Ба иттилои ӯ, пагоҳ беш аз 10 нафар дар назди муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ҷамъ меоянд ва имкон дорад, ки дар гуруснанишинӣ на танҳо волидайни маҳбусони ин муассиса, балки дигар маҳбасҳои пойтахт ҳам ширкат варзанд.

Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар маҳбаси №1 шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид.

Азия-Плюс