Баҳси шиканҷа дар Душанбе

Баҳси шиканҷа дар Душанбе

Дар нишасте дар Душанбе, ки бо мусоидати ҲНИТ сурат гирифт, ҳозирон аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, бадрафторӣ бо маҳбусону боздоштшудагон ва зиндониёнро хотима диҳад.

Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар нишаст гуфт, мақомоти интизомӣ ҳамингуна беадолатӣ ва бераҳмиро нисбат ба аъзои боздоштшудаи ин ҳизб раво дидаанд: «Агар мо мехоҳем, ки Тоҷикистон ва тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва пешрафта эътироф кунанд, бояд шиканҷа дар Тоҷикистон аз байн бурда шавад».

Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, дифоъ аз ҳуқуқи башар ва каромати инсонӣ танҳо рисолати динӣ ва ҳизбии онҳо нест, балки рисолати ҳамаи мақомоти Тоҷикистон аст. Раиси ҲНИТ тақозо кард, то худи ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бо баргузории нишасте роҳҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷаву бадрафторӣ бо боздоштшудагону зиндониёнро баррасӣ кунанд.

Вуҷуди бадрафториву шиканҷа тайи ду се соли ахир яке аз мавзӯъҳои аслии баҳс дар расонаҳои Тоҷикистон аст ва дар ин муддат ҳам, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумат хостаанд, ин зуҳуроти манфиро дар кишвар аз байн барад. Аз ҷумла, парвандаи нави Умедҷон Тоҷиев, як узви Ҳизби наҳзати исломиро ёдовар шуданд, ки рӯзи 30 октябр дар ноҳияи Исфара боздошт шуд. Ӯ баъд аз ду рӯз ӯ ба таври мармуз аз табақаи дувуми бинои шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара поин афтид ва мақомот гуфтанд, ки ӯ худро ба мақсади фирор ҳаво додааст. Умедҷон Тоҷиев охири моҳи январ дар бемористони зиндони шаҳри Хуҷанд даргузашт ва мақомот гуфтанд, ки иллати марги ӯ сактаи қалб буд.

Файзиниссо Воҳидова, вакили дифоъи Тоҷиев, ки дар нишаст ҳузур дошт, ба иддаои мақомоти расмӣ бовар надорад ва мегӯяд: «Умедҷон Тоҷиев на ба хотири худкушӣ худро аз тиреза партофт, балки вай мехост ҷомеа донад, ки дар дохили идораи пулис чиҳо мегузарад».

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар се соли ахир дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва зоҳиран бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.

Лубатхон БурҳоноваЛубатхон Бурҳонова, аввалин наттоқи Шабакаи аввали телевизони Тоҷикистон низ мегӯяд, писари ӯ низ дар 5 соли пеш бар асари латукӯби маъмурони маҳбас ҷон додааст. Модари 78 сола мегӯяд, соли 2009 писари ягонааш Дилшодбек Муродов, ки он замон 46 сол дошт, бо иттиҳоми даст доштан дар қоҷоқи маводи мухаддир боздошт шуд ва дигар барнагашт:

«Писарам барои партофтани ахлот ба кӯча баромад, азбаски хонаи мо ба милисахона наздик буд, ӯро маҷбуран ба ҷайбаш ҳамон доруи сафедро (ҳероин) андохтанд ва ӯро бо ин баҳона зиндонӣ карданд. Вақте писарамро рӯзи 2 феврали соли 2009 ба таври ғайриқонунӣ дастгир карданд, рӯзи 3 феврал гуфтанд, ки 1000 долар биёр, писаратро ҷавоб медиҳем. Аммо ман танҳо 300 долар ёфтаму бурдам. Вале ба ман гуфтанд, ки мо бисёрием ва ин пул кам аст. Ман ҳам дигар напурсидам, ки чӣ миқдор пули дигар биёрам, бо ҳамин моҳи августи ҳамон сол писари ман бар асари шиканҷа дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе кушта шуд».

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони маъруф гуфт, баргузор кардани ин нишаст маҳз ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба ин масъалаи доғ аст. Ӯ афзуд, ҳукумат бояд барои маҳви ин зуҳурот саъйи бештар кунад ва қазияҳои азияту шиканҷаро нодида нагирад: «Афроде, ки дар шиканҷа кардани касе даст доранд, набояд афв шаванд ва дар ниҳодҳои қудратӣ кор кунанд».

Ҳаким Мирсайев, муовини вазири адлияи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки «дар як соли ахир ҳеҷ мавриди вуҷуди шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ба қайд гирфта нашудааст».

Аммо ду рӯз қабл додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода гуфт, дар иртибот ба мавориди шиканҷа дар соли 2013 шонздаҳ арзу шикоят ворид шуда ва ин нисбат ба соли 2012 камтар аст. Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, нисбат ба 4 арзу шикоят дар мавриди шиканҷа парванда боз шуд ва як мавриди он дар нисбати Умедҷон Тоҷиев, сокини шаҳри Исфара марбут аст.

Ozodi

Кабирӣ: "Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланд шиносанд..."

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии ТоҷикистонМуҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки рӯзи 8 феврал дар қароргоҳи ҳизбаш сӯҳбат мекард, гуфт, роҳҳали ягонаи аз байн бурдани шиканҷа танҳо ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмии мақомоту ҷомеаи шаҳрвандист.

Ӯ афзуд: “масъалаи шиканҷаро дар сурате метавон бартараф кард, ки аз якдигар нагурезему даст аз туҳмат бардорем. Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланду пешрафта шиносанд, бояд шиканҷаро бартараф кунем. Шиканҷае, ки он ҳам аз сӯи сохторҳои интизомӣ сурат мегирад”.

Раиси ҲНИТ аз масъул будани ҳизбаш дар мубориза алайҳи шиканҷа дар кишвар низ хабар дода, гуфт, “ҲНИТ аз ин ба баъд масъул ва вазифадор аст, ки аз мубориза бо шиканҷа ҳимоят кунад ва ин корро мо идома хоҳем дод. Кабирӣ аз афзоиши ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон низ нигаронӣ карда, гуфт, шумораи парвандаҳои марбут ба шиканҷа дар давоми се соли охир аз марзи даҳҳо убур кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ аз он изҳори ташвиш кард, ки як рӯз қабл аз баргузории ин ҳамоиш телевизионҳои давлатии кишвар дар бораи боздошти як узви ҲНИТ хабар додаанд. Ӯ намоши қазияи Маҳмадулло Холов, узви ҲНИТ ба иттиҳоми таҷовузкорӣ дар телевизиони кишварро мисол оварда, гуфт: “дар ҳоле баргузории як мизи гирди ҲНИТ оид ба шиканҷа барои мақомот ин қадар сангин аст, агар мо иқдоми қавитаре гирем, онҳо чӣ кор мекарда бошанд?! Ҳар вақт мо тасмим мегирем, алайҳи шиканҷа садо баланд кунем ё ҳимоят кунем, барномаҳои “антинаҳзатӣ” дар телевизионҳои давлатии кишвар намоиш дода мешавад”, - афзуд ӯ.

Ойниҳол Бобоназарова ва Файзиниссо ВоҳидоваДар ҳамин ҳол Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, кушта шудани шахсе аз сӯи нафари рутбадор ё мақомот дар ҷомеае, ки қисми зиёди онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, хеле нангин мебошад.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Перспектива+” дар ҳамоиши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хостори ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории кишвар дар марвиди шиканҷа шуд. Бобоназарова гуфт, онҳое, ки даст ба шиканҷа мезананд, бояд мавриди афв қарор нагиранд. Ба гуфтаи роҳбари созмони “Перспектива+”, ҳоло дар Тоҷикистон маҳбусоне мавриди афв қарор гирифта, ба озодӣ мебароянд, ки ба иттиҳоми зӯроварӣ ва шиканҷа маҳкум шудаанд: “Ҳоло мебинем, бархе, ки бо ҷурми шиканҷа зиндонӣ шудаанд, озод мешаванд”.

Озодагон

Ozodi