Cардори зиндон: "Овозаи марги Ёқуб Салимов дурӯғ аст"

Cардори зиндон: "Овозаи марги Ёқуб Салимов дурӯғ аст"

Масъулони Раёсати ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди даргузашти Ёқуб Салимов, аз фардондеҳони пешини Фронти халқӣ ва собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон дар зиндонро тазкиб карданд.

Садриддин Шарифов, сардори СИЗО-и шумораи 9/1 рӯзи 1-уми март дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" чунин овозаҳоро "иғвогарона" хонд. Оқои Шарифов афзуд, ки бо тамоми масъулият баён медорад, ки Ёқуб Салимов сиҳату саломат аст ва ба адои давраи ҷазои худ идома медиҳад. Вай афзуд, ки ҳамарӯза шахсан аз ҳоли ӯ хабардор мешавад ва вазъи саломатии ӯ хуб аст.

Садриддин Шарифов гуфт, ки ним соат қабл ва ба дунболи паҳн шудани овозаҳо дар мавриди даргузашти Ёқуб Салимов ба ҷои нигаҳдории ӯ рафта, мулоқот анҷом додааст ва саломатии ӯ хуб мебошад. Дар ҳамин ҳол Ҳусниддин Нидоев,муовини ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон низ рӯзи 1-уми март дар сӯҳбат ба "Озодӣ" хабари даргузашти Ёқуб Салимов дар зиндонро радд кард ва гуфт, ки ин овозаҳо дурӯғе беш нестанд.

То кунун манбаи овозаҳо дар мавриди даргузашти собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон маълум нест, вале Садриддин Шарифов мегӯяд, ки ин дафъа агар сарчашмаи чунин овозаи бардурӯғ дар мавриди марги зиндониён, аз ҷумлаи Ёқуб Саидовро мушаххас кунад, чунин афродро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Овозаи марги Ёқуб Салимов дар ҳолест, ки Ашӯрбӣ Салимова модари Ёқуб Салимов, ки дар моҳи октябри соли гузашта вафот кард, қаблан дар дидоре бо хабарнигорон гуфта буд, писараш дар як чордевори бетонӣ нигаҳдорӣ мешавад ва аз дидани вазъи ӯ то ба ҳол «об аз гулӯяш намегузарад».

Ин дар ҳоле буд, ки наздикони Ёқуб Салимов,собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки соли 2005 аз рӯи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба 15 сол ҳасб маҳкум шуда буд, мегуфтанд, вай бо далоили номаълум, тибқи ҳукми додгоҳ ба зиндон мунтақил нашуда, дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад ва вазъи саломатияш хуб нест. Ба қавли модараш, ӯ дар як шабонарӯз танҳо як соат аз ҳуҷрааш ба долон бароварда мешавад ва аз ҳавои тозаи берун маҳрум аст.

Абӯбакр Салимов, писари Ёқуб Салимов дар он нишасти хабарии соли 2011 мегуфт: «Чанд муддат мешавад, ки муроҷиат мекунем, ариза менависем. 9 сол мешавад. Мепурсем, ки чаро қонунҳоро риоя намекунед. Посух як аст, мо дида баромада истодаем. Чиро ин қадар дида мебароянд, барои ман маълум нест. Ё назди бархе медароем, мегӯянд, ки фармон аз боло аст. Боло кист? Агар қонун бошад, он барои ҳама бояд як бошад, на фақат барои мардуми фақир».

Дар моҳи марти соли 2012 Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, Ёқуб Салимов мавриди муоинаи тиббӣ қарор хоҳад гирифт. Аммо баъдан дар ин бора иттилое ба нашр нарасидааст.

Пайвандони Ёқуб Салимов мегӯянд, азиятҳои ӯ дар боздоштгоҳ асосан аз ҷароҳатҳоест, ки соли 1997 ӯ бар асари як ҳамлаи террористӣ ба президент дар шаҳри Хуҷанд бардоштааст. Ашӯрбӣ Салимова гуфта буд, барои додхоҳӣ 8 соат дар назди дарвозаи раисҷумҳур низ мунтазири қабул нишаста, аммо муваффақ нашудааст. Вай илтиҷо мекард, писарашро озод ҳам накунанд, ҳадди аққал аз боздоштгоҳ ба зиндони оддӣ интиқол диҳанд.

Ёқуб Салимов, собиқ фармондеҳи Фронти Халқӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури кунунӣ дар соли 1992-юм нақши зиёд доштааст. Соли 1997-ум ӯ бо шариконаш дар Тоҷикистон ба зидди нерӯҳои давлатӣ ошӯб бардошт, аммо саркӯб шуда, ба хориҷа фирор кард.

Ӯро соли 2003-юм бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Маскав боздошт карда ва соли 2004-ум ба Душанбе истирдод намуданд. Бар асоси афви ахири эълоншуда (моҳи сентябри соли 2011) ду сол аз мӯҳлати ҳукми Ёқуб Салимов кам гардид ва ӯ се соли баъдиро низ дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Озодӣ