Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бештари кӯдакони пурсидашуда гуфтаанд, ки ҳангоми боздошт аз сӯи кормандони милиса ҳадди ақал як бор дашном шунидаанд.
Натиҷаи як пажӯҳиш (таҳқиқот) дар Тоҷикистон мегӯяд, аксар кӯдаконе, ки аз сӯи маъмурони пулис боздошт мешаванд, мавриди таҳқир қарор мегиранд. Ин таҳқиқотро созмони "Ислоҳоти зиндонҳо" анҷом додааст ва ба қавли масъулонаш, дар он беш аз сад кӯдаки боздоштшудаи тоҷик иштирок кардаанд. Ба иттилои онҳо, аз ин теъдод кӯдакони пурсидашуда ҳаштод дарсадашон иқрор намудаанд, ки ҳангоми боздошт аз кормандони милиса ҳадди ақал як бор дашном шунидаанд.
Азамат Шанбилов, намояндаи созмони "Ислоҳоти зиндонҳо" бо эълони натиҷаи пешакӣ ё муқаддамотии пажӯҳиш гуфт, танҳо 37 дарсади кӯдакони пурсидашуда аз кӯмаки ҳуқуқӣ бархурдор будаанд. "37 дарсади онҳо изҳор доштанд, ки беш аз як шабонарӯз дар тавқифгоҳ нигоҳдорӣ шудаанд, ки ин ғайриқонунӣ аст ва 20 дарсади кӯдакон гуфтаанд, онҳо якҷоя бо калонсолон нигаҳдорӣ шудаанд, ки ин ҳам тибқи қонунҳои байналмиллалӣ мумкин нест", - афзуд ӯ.
Ба қавли Шанбилов, 90 дарсади пурсидашудагон дар пажӯҳиши онҳо ҷавонписар буда, бори аввал боздошт шудаанд. Пажӯҳиши мазкур дар доираи барномаи «Ҷилавгирӣ аз зӯроварии кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида» дар 3 кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон - анҷом шудааст. Ба гуфтаи Азамат Шанбилов, намояндаи созмони «Ислоҳоти зиндонҳо», ҳадаф аз ин назарпурсӣ, ки миёни афроди аз 13 то 18-сола анҷом шудааст, омӯзиши вазъи ноболиғоне будааст, ки дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва пӯшида ба сар мебаранд. Ҳамин пажӯҳиш дар Қазоқистону Қирғизистон муайян кардааст, ки ҳангоми боздошт ноболиғон ба бадрафторӣ ва табъиз рӯ ба рӯ мешаванд ва ин ҳолат дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳам мушоҳида мешудааст.
Муаллифони ин пажӯҳиш мегӯянд, 24 соати аввали боздошти ноболиғон барои ҳомиёни ҳуқуқ бисёр муҳим аст ва дар ин лаҳзаҳо бояд кӯдакон ҳатман кӯмаки наздикони худро эҳсос кунанд ва волидонашон ҳам бояд дар наздашон бошад.
Конфронси рӯзи 16 сентябр дар Душанбе таҳти унвони "Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон" дар доираи лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо ("Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон") ва бо кӯшиши Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF), Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) ва Комиссияи назди ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор шуд.
Бино ба пажӯҳиши Сандуқи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), дар ҷаҳон аз 60 то 70 дарсади кӯдакон бо анвоъи мухталифи хушунат, бахусус хушунати ҷисмонӣ, мувоҷеҳ ҳастанд.
Ин арқом дар кунферонси байналмилалии “Ҷилавгирӣ аз хушунат алайҳи кӯдакон” эълом шуд, ки рӯзи сешанбеи 16 сентябр дар чорчӯби тарҳи Иттиҳодияи Урупо ва ба ибтикори Сандуқи кӯдакони СММ, Ислоҳоти байналмилалии зиндонҳо дар Осиёи Марказӣ ва давлати Тоҷикистон баргузор шуд.
Шимо Боркин-Кузмин, намояндаи дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, гуфт, ки мавориди хушунат алайҳи кӯдакон дар Тоҷикистон фаровон буда, аммо умдатан иттилоъ дар ин замина аз муҳити хонаводагӣ берун намеравад.
Ба гуфтаи хонуми Боркин-Кузмин, дар Тоҷикистон ин бовар вуҷуд дорад, ки душному сарзаниш ва ҳатто лату кӯби кӯдакон дар хонаводаҳо навъе “тарбият” аст ва ба ҳеч ваҷҳ хушунат талаққӣ намешавад.
Ӯ гуфт, ки аз ин лиҳоз дар Тоҷикистон дар бораи хушунати хонаводагӣ алайҳи кӯдаку навҷавон иттилоъи зиёде вуҷуд надошта, танҳо дар сурати лату кӯб шудани кӯдакон дар мактаб ё боздоштгоҳу зиндон фаъолони ҳуқуқи башар аз нақзи ҳуқуқи кӯдакон садо баланд мекунанд.
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитеи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, гуфт, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз мавориди нақзи ҳуқуқи кӯдакону наврасон тарҳи қонуни “Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” таҳия шуда ва ҳамакнун дар кумитеҳои порлумон баррасӣ мешавад.
Оқои Ватанов гуфт, ки қаблан дар чорчӯби қавонини “Пешгирии зӯроварӣ (хушунат) дар оила (хонавода)”, “Масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд” ва Қонуни ҷиноӣ аз ҳуқуқи кӯдакон дифоъ мешуд.
Ба эътиқоди ӯ, афзоиши мавориди хушунат алайҳи кӯдакону навҷавонон дар Тоҷикистон, бахусус хушунати равонӣ, ба болоравии мизони ҷароим дар миёни ноболиғон мунҷар шудааст.
Ҳамчунин Маҳмадалӣ Ватанов муҳоҷират, вазъияти иҷтимоъӣ дар кишвар ва истифода аз торнамоҳои интернетиро, ки мавориди зиёди хушунати тасвирӣ дар онҳо пахш мешавад, аз авомили дигари афзоиши ҷароим дар миёни навҷавонон арзёбӣ кард.
Тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли гузашта ноболиғон муртакиби 725 ҷиноят шудаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2010 сию се дарсад бештар аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи натоиҷи муқаддамотии пажӯҳиши созмони байналмилалии “Penal Reform International” дар зиндонҳои кӯдакони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ҳангоми боздошт ва нигаҳдорӣ мавориди фаровони нақзи ҳуқуқи кӯдакону навҷавонон сабт шудааст.
Ба гуфтаи Азаммат Шомбилов, ҳамоҳангсози тарҳҳои ин созмон, то ҳол дар зиндонҳои ин кишварҳо дар утоқи инфиродӣ ё ҳамроҳ бо зиндониёни бузургсол нигаҳ доштани афроди зери синни қонунӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин вазъ бо меъёрҳои байналмилалӣ муғойират дорад.