Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Чор нафар судшаванда, ки бо моддаи «тамаъҷӯӣ» гунаҳкор дониста мешаванд, дар рафти мурофиаи судӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат аз истифода гардидани шиканҷа нисбаташон ҳангоми тафтишоти пешакӣ хабар додаанд.
Тавре ба «Азия Плюс» волидони яке аз судшавандаҳо - Ҷамшед Нарзуллов гуфтааст, баҳори ҳамин сол писари онҳо ба шиноси худ Қудратулло Назаров ба маблағи 3 ҳазор доллари ИМА қарз медиҳад ва рӯзи 1-уми май бо дӯстонаш Ҷумъа, Алишер ва Саид бо мақсади баргардонида гирифтани қарз ба вохӯрӣ бо қарздор мераванд.
- Ҷумъа тариқи телефон бо Қудратулло дар бораи вохӯрӣ ва баргардонидани қарз маслиҳат мекунад. Аммо рӯзи 6-уми май Ҷамшед ва се шиноси ӯ - Ҷумъа, Алишер ва Саидро корамандони шӯъбаи шашум боздошт карда, ба бинои бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили шаҳри Ваҳдат бурданд. Ба ҳамаи онҳо тибқи моддаи 250 (тамаъҷӯӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айб эълон мекунанд ва барои он, ки дар бораи тамаъ кардани 3 ҳазор доллар нишододи худиқроркунӣ бигиранд, ба тани писари ман оби ҷӯш мерезанд, ба дастонаш ҷараёни барқ мегузоранд ва ба сараш халта кашида, ба баданаш зарба мезананд. Се нафар рафиқи ӯ низ дар суд оид ба шиканҷа шуданашон нишондод доданд,- қайд мекунад падари Ҷамшед - Сафаралӣ Нарзуллоев.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ташхиси судӣ-тиббӣ ҳам гузаронида шудааст, вале, мутаассифона, «онҳо ин ҳуҷҷатро надидаанд». Адвокати боваринок Бобобек Пировро волидон баъди як моҳи боздошти Ҷамшед гирифтаанд.
- Дар рафти тафтишоти пешакӣ адвокат Пиров ҳангоми вохӯрӣ бо писари мо дар ангуштони дастони ӯ изи сӯхтагиҳо аз ҷараёни барқро дид, аз Ҷамшед шунид, ки нисбаташ аз шиканҷа истифода бурдаанд ва барои таъин кардани ташхис тавсиянома дод. Баъди ин духтур ба СИЗО-и шаҳри Душанбе ба назди писарамон омаду ӯро муоина кард, аммо аз натиҷаи ташхис ба ман чизе маълум нест,- меафзояд падари Ҷ. Нарзуллоев.
Ба иттилои С. Нарзуллоев, ҳангоми мурофиаи судӣ адвокат Пиров Б. оид ба нишондоди судшаванда дар мавриди шиканҷа шуданаш тавсиянома надодааст.
- Ҳуқуқҳои дигар судшавандаҳоро се адвокати дигар ҳимоя мекунанд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо дар рафти мурофиаи судӣ барои санҷиши далели истифодаи шиканҷа нисбати зерҳимояҳояшон тавсиянома надодаанд,- зикр мекунад ӯ.
Волидони Ҷ. Нарзуллоев дар пайи муроҷиат ба Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хостори кӯмаки ҳуқуқӣ ва таъмин кардани вакили мудофеъи иловагӣ шудаанд.
Тавре аз Эътилоф ба «АП» хабар додаанд, ёрдамчиён барои ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа нақша доранд бо вакилони мудофеъ вохӯранд ва паҳлуҳои парвандаи мазкурро баррасӣ кунанд.
Волидони Ҷамшед Нарзуллоев аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост доранд, ки далели истифода шудани шиканҷаро нисбати писарашон воқеъбинона тафтиш кунанд.
Ба гуфтаи адвокат Бобобек Пиров, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки зирҳимояи ӯ ва се нафар судшавандаи дигар бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои дар моддаи 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) ва 250 (тамаъҷӯи)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боздошт шудаанд.
- Рӯзи 1-уми май онҳо Қудратулло Назаровро ба ҷои ношинос бурда, онҷо чанд рӯз нигоҳ доштаву латукӯб мекунанд ва баъд аз он, ки наздикони Қудраттуло маблағро ба онҳо расонидаанд, ӯро раҳо кардаанд,- мегӯяд Б. Пиров.
Ба изҳори ӯ, дар мурофиа оид ба далели истифодаи шиканҷа се нафар аз кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили шаҳри Ваҳдат мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, вале онҳо ин далелро рад кардаанд.
- Гузашта аз ин, ташхис гузаронида шуда буд, ки тибқи натиҷаи он, далели мавҷудияти шиканҷа беасос будааст,- зикр мекунад вакили мудофеъ.