Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Сокини деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент Абдуҷаббор Рустамов, ки дар беморхона бистарӣ мебошад, мегӯяд аз тарафи комиссари комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент мавриди латукӯб қарор гирифта, дандонаш шикастааст.
Аз рӯи нақли ҷабрдида, комиссари комиссариати ҳарбӣ Хуршед Қобилов ӯро барои он латукӯб намудааст, ки гӯё писараш аз хизмат гурехта бошад.
- Маро рӯзи 24-ум ба военкомат даъват карданд ва байни мову комиссар баҳс сар зад. Ӯ аз ман мепурсид, ки писарат дар куҷост? Ман гуфтам, ки писарамро овардам ва шумо ба хизмат бурдед, бояд шумо донед, ки ӯ дар куҷост. Ҳамин тавр, барои баёнотгирӣ маро ба дигар кабинет бурданд. Он ҷо ман низ бо як корманди комиссариат, ки майор буд, баҳс кардем. Ҳамин ҳангом коммисар даромада маро латукӯб кард ва дандонам шикасту худам чанд муддат аз ҳуш рафтам. Маро хешонам ба беморхона оварданд,- гуфт Абдуҷаббор Рустамов.