Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Тартиби иҷрои ҷазо дар намуди ҷаримаро шарҳ диҳед
ПОСУХ: Мувофиқи моддаи 30-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима ба таври зайл аст:
Иҷрои ҷазо дар намуди ҷарима аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро дар маҳалли истиқомат, маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷои кори маҳкумшуда ё дар маҳалли аз ҷониби маҳкумшуда адо кардани ҷазои асосӣ ба амал бароварда мешавад.
Аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд маҳкумшуда бояд дар давоми шаст рӯз ҷаримаро пардозад.
Суд мутобиқи хоҳишномаи маҳкумшуда ва хулосаи иҷрочии мақомоти иҷро метавонад вақти пардохти ҷаримаро ба муҳлати то шаш моҳ мавқуф гузорад ё дароз кунад, агар пардохти яквақтинаи он барои маҳкумшуда имконнопазир бошад. Муҳлати мазкур аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳисоб карда мешавад.
Дар сурати аз ҷониби маҳкумшуда сари вақт напардохтани ҷарима иҷрои ин ҷазо ба тарзи маҷбурӣ, аз ҷумла бо роҳи ситонидани молу мулки маҳкумшуда, ки дар қисми 1-и моддаи 199-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Ҷарима аз молу мулке, ки дар Номгӯи (рӯйхати) молу мулке, ки бо ҳукми суд мусодира карда намешавад, зикр гардидааст, ситонидан мумкин нест.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj