Сабти нахустин ҳолатҳои “облава”-и баҳорӣ дар Тоҷикистон

Нахустин ҳолатҳои “облава”, ё худ ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе охири ҳафтаи гузашта ба қайд гирифта шудаанд. 

Ҳошим, як ҷавони тоҷик, ки меҳмони шаҳри Душанбе шудааст, изҳор дошт, ки шоми шанбе дар хатсайри рақами 28 ҳадафи “облава” қарор гирифтааст: “Як мошини “старекс”-ро, ки рақами 28 дошт, манъ карда, савор шудам. Баъде, ки савор шудам, ҷавони дигаре дар паҳлӯям буда гуфт, “ака ин облава аст”. Аммо ман чун хидмат карда будам, чизе нагуфтам ва вақте ба ҷои лозимӣ расидам, гуфтам, ки ман хидмат кардаам. Баъди пурсупос маро раҳо карданд, аммо ҷавонони дигарро бурданд”.

Ин дар ҳолест, ки аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, ки дар мавриди "облава" то ҳол расман шикояте дарёфт накардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар гузашта борҳо барои қатъи ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дастур дода буд, аммо “облава” аз байн нарафт. 

Дар ҳамин ҳол қаблан ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо пахши як изҳороти муштарак таъкид карданд, ки қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи хидмати ҳарбӣ метавонад, “облава”-ро қонунӣ гардонад. 

Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқ дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки феълан аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар сомонаи Вазорати адлия нашр шудааст, қисми 5-и моддаи 36 баҳсбарангез аст. Ҳомиёни ҳуқуқ муътақиданд, ки қабули ин лоиҳаи қонун “облава”-ро қонунӣ мегардонад: “Дар қисми 5-и моддаи 36 лоиҳаи қонун дарҷ гардидааст: «Дар ҳолати рад кардани гирифтани огоҳномаи даъват аз ҷониби даъватшаванда, падар ё модар, аъзои ба балоғатрасидаи оила ва/ё бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини ҳозиркунии ӯ ба зиммаи мақомотҳои корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссариати ҳарбӣ гузошта мешавад».

Ozodagon