Ҷуброн барои шиканҷа дар Тоҷикистон: ҳуқуқ ва амалия

Мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам дар самти ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад. Сарфи назар аз иштироки кишвар дар Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва мавҷудияти муқаррароти дахлдор дар қонунгузории миллӣ, амалӣ кардани ҳуқуқи ҷабрдидагон ба ҷуброн дар амал мушкил боқӣ мемонад ва муносибати системавиро талаб мекунад.

Кафолатҳои ҳуқуқӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ҷуброни зарари аз амалҳои ғайриқонунӣ расонидашударо муқаррар мекунад. Аз ҷумла, моддаи 21-и Конститутсия ба ҳар як нафар ҳуқуқ ба ҳимояи ҳуқуқҳову озодиҳояшро дар суд ва гирифтани ҷуброни зарар кафолат медиҳад.

Мувофиқи моддаи 10-и Конститутсияи ҶТ, Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, мустақиман амал мекунад. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки мухолифи Конститутсия мебошанд, татбиқ намешаванд. Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон уҳдадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя намоянд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи системаи ҳуқуқии кишвар ба шумор мераванд ва дар сурати мухолифати байни меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ меъёрҳои байналмилалӣ татбиқ мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо мебошад. Мувофиқи уҳдадориҳои байналмилалии худ, давлат вазифадор аст, ки ба қурбониёни шиканҷа ҷуброни одилона ва офиятбахширо таъмин намояд. Ҷубронпулӣ метавонад ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ, инчунин чораҳои тиббӣ ва офиятбахшии равониву иҷтимоиро дар бар гирад.

Қонунгузории миллӣ

Ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ба ҷубронпулӣ дар қонунгузории миллӣ низ муқаррар шудааст. Мувофиқи моддаҳои 12 ва 42-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, шахсе, ки аз ҷиноят зарар дидааст, ҷабрдида эътироф карда мешавад, ки дастрасии ӯро ба ҳимояи судӣ таъмин мекунад. Суд, прокурор, муфаттиш ва айбдоркунанда вазифадоранд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятиро ҳимоя намоянд ва барои қонеъ кардани талаботи қонунии онҳо чораҳо андешанд. Зараре, ки дар натиҷаи нақзи ҳуқуқ ва озодиҳо ҳангоми мурофиаи ҷиноятӣ расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҷуброн карда мешавад.

Моддаҳои 16, 19 ва 1225-и Кодекси граждании ҶТ ҳуқуқи шаҳрвандонро барои талаб кардани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ, аз ҷумла дар ҳолатҳои шиканҷа, пешбинӣ мекунанд.

Пас аз ворид гардидани маълумот дар бораи боздоштшуда ба Дафтари бақайдгирии боздоштшудагон, он бояд аз шаҳодаткунонии ҳатмии тиббӣ гузарад. Шаҳодаткунонӣ аз ҷониби табиб дар бинои алоҳидаи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ гузаронида мешавад ва аз пурсиш оид ба вазъи саломатӣ, муоинаи зоҳирӣ барои муайян кардани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, сабти нишондиҳандаҳои тиббӣ ва тавсияҳо оид ба зарурати табобат ё бистарӣ шудан дар беморхона иборат аст. Натиҷаҳои шаҳодаткунонӣ дар санаде сабт карда мешаванд, ки ба гузориши боздошт замима мегардад ва қисми ҷудонашавандаи он ба шумор меравад.

Банди 20-и Қарори Пленуми Суди Олии ҶТ, №1, аз 25-уми июни соли 2012 уҳдадории суд ва мақомоти тафтишотро барои таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои инфиродӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ муқаррар мекунад. Зараре, ки дар натиҷаи нақзи ҳуқуқ ё истифодаи шиканҷа расонида шудааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ва КГ ҷуброн карда мешавад. Ба ҷабрдида ҳуқуқи пешниҳоди даъво барои ҷуброни зарари молумулкӣ ва маънавӣ фаҳмонида мешавад. Дар ҳолатҳое, ки маълумот дар бораи амалҳои ғайриқонунӣ дар ВАО нашр шудааст, мақомоти дахлдор вазифадоранд дар муҳлати муайяншуда оид ба бекор кардани онҳо хабар диҳанд ва бо дархости ҷабрдида ба ҷои кор, таҳсил ё манзили ӯ огоҳиномаи хаттӣ фиристанд.

Амалия ва мушкилоти амалисозӣ

Дар таҷриба амалисозии ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ба ҷуброн бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ мегардад. Миёни онҳо - душвориҳои сабт ва исботи далелҳои шиканҷа, мурофиаҳои тӯлонии судии бо гузаронидани ташхисҳо алоқаманд, миқдори маҳдуди ҷубронпулӣ, инчунин набудани барномаҳои устувори давлатии офиятбахшии қурбониён мавҷуданд.

Ҳуқуқшиносони ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ - аъзои Эътилофи зидди шиканҷа зикр мекунанд, ки ҳолатҳои муваффақи гирифтани ҷубронпулӣ кам ба назар мерасанд. Ҳаҷми пардохтҳо аксар вақт ба вазнинии зарари расонидашуда мувофиқат намекунад, дастрасӣ ба офиятбахшии тиббӣ ва равонӣ бошад, маҳдуд боқӣ мемонад.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва дигар механизмҳои байналмилалӣ борҳо ба Тоҷикистон тавсия додаанд, ки мустақилияти системаи судиро тақвият диҳад, дастрасии муассирро ба ҳимояи ҳуқуқ таъмин намояд, барномаҳои офиятбахширо рушд диҳад ва шаффофияти расмиёти ҷубронро боло бубарад.

ТҶ "Ҳуқуқи дастрас"