Волидони Абдуваҳҳоб даъво доранд, ки ӯ аз дасти "дед"-ҳо фавтидааст

Волидони Абдуваҳҳоб даъво доранд, ки ӯ аз дасти "дед"-ҳо фавтидааст

Волидони Абдуваҳҳоб Қаюмов иддао доранд, ки фарзандашон аз зарбу лати кӯҳнасарбозон фавтидааст. Маркази экспертизаи судӣ - тиббӣ ҳам мегӯяд, "бо чизҳои сахт ба сару гардани ӯ задаанд".

Хонаводаи Абдуваҳҳоб Қаюмов, сокини ҳаждаҳсолаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, иддао доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар қисми низомии "2747" дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон кушта шудааст. Ҳарчанд хабари марги Абдуваҳҳобро масъулон тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки тафтиш дар ин замина ҷараён дорад ва аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ намуданд. Муфаттиши парванда ҳам сӯҳбатро ба вақти дигар гузошт.

Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ ба синни 18 расид, довталабона ба хидмати артиш рафтааст. Падару модараш мегӯянд, ки хабари марги писари худро 5 июл, баъд аз ду моҳи хидмати сарбозии ӯ гирифта, дар ҳолати "шок" ё бехудӣ қарор доранд.

Амаки Абдуваҳҳоб, ки худро Абдуқаюм Исматов муаррифӣ кард, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади ҷиянашро баъд аз ташхиси тиббӣ дар вилояти Хатлон рӯзи шашуми июл ба хок супурдаанд ва ҳоло талош доранд, ки бо парванда ошно шуда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд. Ӯ мегӯяд, ки Маркази экспертизаи судӣ - тиббии вилояти Хатлон дар маълумотномаи худ аз 5 июл навиштааст, "дар бадани Абдуваҳҳоб Қаюмов харошаҳои мавқеи пешона, аз чап, пушт ва қаноти бинӣ, лунҷи рӯй аз рост, ангуштони ҳарду даст, пушти панҷаи пойи рост хуномосҳои шаклашон дарозрӯя ҷойгир буда, дар қафаси сина ва пушти гардан хунпечиши мағзча ва пардаи ғафи мағзи сар ... дарёфт карда шуд."

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар ин маълумотнома, инчунин, гуфта шудааст, ки "бо чизҳои сахту кунд ба мӯҳраҳои 3 ва 4-и гардан ва сараш задаанд ва дар натиҷа гардану пардаи ғафси мағзи сараш шадидан осеб дида, сабаби марг шудааст. Ин худ баёнгари он аст, ки ҷиянам аз зарбу лат ҷон додааст."

Абдуқаюм Исматов гуфт, намояндагони қисми ҳарбии "2747" инро тсдиқ карда, гуфтаанд, ки дар робита ба ин қазия гӯё алайҳи ду сарбози ин қисми ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Иттилое, ки то ҳол тасдиқ нагардидааст. "Ин парвандаро Сарпрокуратураи ҳарбӣ дар Душанбе таҳқиқ доштааст. Мақсади мо ба ҷавобгарӣ кашидани касонест, ки дар марги Абдуваҳҳоб даст доранд. Мо ғаму ранҷи аз даст додани ҷигарбандамонро дидем, бигзор дигар волидони сарбозони тоҷик набинанд."

Созмони "Иттифоқи волидони сарбозон" дар Хуҷанд, ки аз ҳуқуқи сарбозон ҳимоят мекунад, барои таъмини пайвандони Абдуваҳҳоб Қаюмов бо вакили дифоъ мусоидат кардааст. Дар як моҳи охир Абдуваҳҳоб дуюмин сарбоз аз вилояти Суғд аст, ки баъд чанд моҳи аввали хидмат дар артиш ҷасадашон ба назди падару модар фиристода мешавад.

Шаби 7 ба 8 июни соли ҷорӣ мақомот ҷасади Фирдавс Раҳматов, сокини шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи ин шаҳрро ба волидонаш супурданд, ки дар қисми низомии "04080" дар Конибодом хидмати сарбозӣ мекард. Масъулони ин қисми низомӣ дар ибтидо гуфтанд, гӯё Фирдавс Раҳматовро офтоб задааст ва бар асари ин забонаш дарун рафтаву роҳи нафасаш гирифтааст. Вале волидони Фирдавс ба ин фарзия бовар накарда, марги мармузи ӯро аз тариқи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ расонаӣ карданд.

Ба дунбол, рӯзи 11 июн Абдулқодир Нуров, додситони низомии Суғд бо баргузории як нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки Фирдавс Раҳматов на бо марги табиӣ, балки бар асари латту кӯби ҳамхидматони собиқадор, ба истилоҳ "дед"-ҳо ҳалок шудааст. Ӯ гуфт, ки додситонии ҳарбӣ алайҳи сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов, Комрон Раҳимов мутобиқи банди 391, қисми 3 - и Кодекси ҷиноӣ - "баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" ва нисбат ба Айём Назаров мутобиқи банди 273, қисми 2 - "вайрон намудани талаботи оинномаи умумиҳарбӣ" парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Баъдан Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи ин воҳиди низомиро - ба далели хунукназарӣ то замони анҷоми тафтиши парвандаи марги Фирдавс Раҳматов аз иҷрои вазифа барканор кард.

Ozodi