Соли нав муборак бошад!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳамдиёрони азизро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрик мегӯяд!

Дар соли нав бароятон саодати абад, некномиву тандурустӣ ва комёбиву тавфиқи ҳамешагиро таманно дорем. Таманно мекунем, ки соли нав соли дастовардҳои тоза ва соли бофайзу бобаракат бошад.

Бигузор бо ҳузури мубораки Соли нави мелодӣ ба зиндагии шумо барору комёбиҳои нав ба нав ворид гардида, роҳи фардоятонро чароғи меҳру муҳаббат ва садоқати ҳамешагӣ мунаввару рӯшан нигоҳ дорад!

NotortureTj