Муҳоҷир: Пулис поямро шикаста, се рӯз дар камера нигоҳ дошт

Муҳоҷир: Пулис поямро шикаста, се рӯз дар камера нигоҳ дошт

Маъмурони пулиси Маскав як муҳоҷири тоҷикро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаву зимни латукӯб пойашро шикастаанд.

Тавре дар навори видеоии аз ҷониби Каромат Шарипов, раиси Ҷамъияти тоҷикони Русия дар шабакаи "Ютуб" гузошташуда омадааст, маъмурони пулиси ноҳияи "Автозаводская”-и Маскав як шаҳрванди тоҷикро бо ҷурми надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба боздоштгоҳ бурдаву онҷо ӯро латукӯб кардаанд, то ба коғазе имзо гузорад. Аммо ӯ мегӯяд, дар ҳоле ӯро боздошт кардаанд, ки якуним моҳ қабл ҳуҷҷатҳояшро барқарор карда будааст.

- Вақте маро маҷбур карданд, ки дар қоғазҳо имзо монам, гуфтам оё мумкин аст, ки аввал хонам дар онҷо чӣ навишта шудааст? Милитсия гуфт не! Ман ҳам гуфтам имзо намемонам. Баъд маро зада ба фарш афтониданд. Пулис бо дастҳояш рӯямро тақрибан чанд сония сахт дошт. Баъд аз биниам дар фарш хун рехт, маро сар дод,- мегӯяд муҳоҷири тоҷик. Ҳангоми зарба хӯрдан пойи ин шаҳраванд мебарояд ва ӯро ба камераи алоҳида бурдаанд: "Аз сӯхтаи поям ман гиристам, гиристам, баъд омада дарро кушоданд. Ман гуфтам- пои ман баромадааст”.

Муҳоҷири тоҷик меафзояд, ки ӯро се рӯз бо пойи шикаста дар камера нигоҳ медоранд ва ҳатто бо ҳамин ҳол ду маротиба ӯро ба масофаи 1,5 километра пиёда ба суд мебаранд.

Ӯ мегӯяд, се рӯз аз зӯрии дард хоб накардаву ҳамеша фиғон бардоштааст ва маъмурони пулис пас аз зораву таваллояш ӯро ҷавоб додаанд.

Мавсуф сипас ба беморхона рафтаву пояшро шикастабандӣ намудаву бо қасди он, ки ба додаш расанд, ба Ҷамъияти тоҷикони Русия муроҷиат кардааст.

Дар охир ӯ аз Ҷамъияти мазкур ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия хоҳиш кардааст, ки ба доди шаҳравандон бирасанд ва онҳоро дастгирӣ намоянд.

 

faraj.tj