Манъи бозпурсии ноболиғон бидуни ҳузури омӯзгор ва равоншинос

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳуриро ҷонибдорӣ намуд.

Мутобиқи он, минбаъд бозпурсии шахсони синни аз 16-сола поён ба сифати шоҳидон ва ҷабрдидагон дар ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ бидуни ҳузури омӯзгорони онҳо ва равоншинос манъ карда мешавад.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода қайд кард, ки ғайр аз ин,  минбаъд ба бозпурсии прокурор, муфаттиш ва таҳқиқгар ба сифати шоҳидон дар доираи парвандаҳои ҷиноии таҳти истеҳсолоти онҳо қарордошта низ роҳ дода намешавад.

Азия-Плюс